Табрики солрӯзи озодии Хуррамшаҳр
Имрӯз (чаҳоршанбе) савуми хурдод, 24-уми май, Солрӯзи озодсозии шаҳри Хуррамшаҳр дар ҷануби ғарби Эрон дар соли 1982 аз ишғоли режими собиқи баъси Ироқ аст.
Ин рӯз дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони Рӯзи муқовимат, исор ва пирӯзӣ номгузорӣ шудааст.
Дар саросари солҳои пурифтихори дифои муқаддаси миллати Эрон, рӯзҳои бузурге ба сабт расидааст, ки азамат ва аҳамияти он ҳамвора дар зеҳнҳо боқӣ хоҳад монд ва савуми хурдод Рӯзи озодсозии Хуррамшаҳр дар хилоли ҷанги таҳмилии ҳаштсолаи режими баъси Саддом, диктатори Ироқ алайҳи Эрон низ аз ҳамин ифтихорот аст.
Ҳамосаи озодсозии Хуррамшаҳр дар ҳамаи абъоди он, чӣ низомӣ, чӣ ҳамосӣ ва чӣ фарҳангӣ нуқтаи атфи муҳиме дар таърихи инқилоби исломии Эрон ва ёдоварии фидокориҳо ва истодагиҳои таҳсинбарангези мудофеони Эрони исломӣ дар баробари нерӯҳои мутаҷовиз аст.
Имрӯз як бори дигар ба поси хотираи озодсозии Хуррамшаҳр занги мадорис барои ин рӯзи бузург ба садо дармеояд ва мардуми Эрони исломӣ ин рӯзи ҷовидон дар таърихи Эронро гиромӣ медоранд.