Май 24, 2017 12:27 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди дабирони Шӯрои амнияти Эрон ва Русия бар иҷрои тавофуқҳои амниятӣ

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва Николай Петрушов, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия рӯзи сешанбе дар Маскав дидор ва бар иҷрои тавофуқҳои амниятӣ миёни ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин дидор, ки дар шаҳри Завидово, шимоли Маскав баргузор шуд, ду тараф зимни баррасии раванди ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаи мубориза бо терроризм, бар зарурати идомаи ройзаниҳои муштарак ва табодули иттилоот дар сатҳи дастгоҳҳои амниятӣ, сиёсӣ ва низомии Теҳрон -Маскав барои мубориза бо терроризм дар Сурия, Ироқ ва сойири манотиқи даргири буҳронҳои амниятӣ дар минтақа таъкид карданд.

Алии Шамхонӣ дар ин дидор мудохилаи низомии ғайриқонунии бархе кишварҳо дар буҳрони Сурияро сабаби печидатар шудани шароити мавҷуд ва тақвияти ҷабҳаи шикастхӯрдаи терроризми такфирӣ донист ва афзуд, муваффақиятҳои бодавоми низомӣ ва сиёсии эътилофи воқеии зиддитерроризм аслитарин далели афзоиши талоши созмонёфтаи ҳомиёни терроризми такфирӣ барои ҳифзи тавони рӯҳӣ ва амалиёти террористҳо шудааст.

Николай Петрушев низ дар ин дидор бо ибрози хурсандӣ аз равобити рӯ ба тавсеаи ду кишвар дар абъоди мухталиф, таҷрибаи ҳамкории наздик ва муассири Эрон ва Русия дар мубориза бо терроризмро бисёр муваффақ арзёбӣ кард ва онро зомини коҳиши таниш ва бозгашти суботи пойдор ба кишвари Сурия донист.

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи сешанбе вориди Маскав шуд то дар нишасти амниятӣ бо ҳузури намояндагони беш аз 100 кишвари ҷаҳон дар Русия ширкат ва мавозеу роҳбурдҳои Эрон дир арсаи мубориза бо терроризмро матраҳ кунад.

 

Барчасп