Май 25, 2017 16:53 Asia/Dushanbe
  • Демократия; Тафовути асосии Эрон бо дигар кишварҳои минтақа

Раиси гурӯҳи дӯстии парлумони Эрон ва Англия гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳди демократия дар минтақа аст ва дар ин замина, дигар кишварҳои минтақа, ки аз ҳимоятҳои Ғарб бархӯрдоранд бо Эрон қобили муқоиса нестанд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Мустафо Кавокибиён чаҳоршанбе шаб дар дидори Николас Ҳоптон-сафири Англия дар Теҳрон, бо интиқод аз изҳороти бархе аз мақомоти англисӣ алайҳи Эрон, гуфт, ин изҳороти ғайрисозандаи мақомоти англисӣ, ношӣ аз дарки нодурусти онҳо аз шароит ва авзои минтақа аст.

Вай ҳамчунин ҳамлаи террористии шаҳри Манчестери Англияро маҳкум кард ва афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо терроризм ва ифротгарӣ дар ҳамаи шаклҳои он мухолиф аст ва борҳо дар бораи паёмадҳои ҳимоят, таслиҳ ва истифодаи абзорӣ аз гурӯҳҳои террористӣ ҳушдор додааст.

Сафири Англия дар Теҳрон ҳам дар ин дидор гуфт, Эрон ва Англия бо рафъи бархе аз мавонеъ метавонанд, дар мавзуъҳои мухталифи минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ҳамкориҳои хубе бо ҳам дошта бошанд.

Ҳоптон афзуд, гуфтугӯ ва ройзанӣ миёни намояндагони маҷолиси ду кишвар омили осонкунандаи равобити дуҷониба аст ва ба афзоиши дарку фаҳми мутақобил аз шароит кумак мекунад.

 

Барчасп