Май 27, 2017 10:20 Asia/Dushanbe
  • Оғози моҳи мубораки Рамазон дар Эрон

Ситоди истеҳлол (мушоҳидаи моҳ)-и дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҷумъашаб дида шудани моҳи мубораки Рамазонро эълом кард.

Ба ин тартиб, дар Эрони исломӣ имрӯз (шанбе) нахустин рӯзи моҳи мубораки Рамазон аст.

Бисёре аз кишварҳои исломӣ низ имрӯз (шанбе), 27-уми майи соли 2017- ро нахустин рӯзи моҳи мубораки Рамазон эълом карданд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани моҳи меҳмонии Худоро ба ҳамаи мусалмонони ҷаҳон табрик мегӯяд.

 

Барчасп