Май 27, 2017 18:04 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати генерал Насирӣ дар Мусили Ироқ

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, генерал Шаъбон Насирӣ пас аз наздик ба 38 сол муҷоҳидат ва ҷиҳод дар маёдини дифоъ аз ҳарими Исломи ноби Муҳаммадӣ (с), рӯзи ҷумъа ба ёрони шаҳидаш пайваст.

      Генерал Шаъбон Насирӣ, ки аз ҷонибозони 8 сол Дифои муқаддас буд, муддати тӯлонӣ низ дар ҷабҳаҳои Сурия, барои дифоъ аз ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Зайнаб (саломулоҳи алайҳо) ҳузур доштааст.

 Маросими ба хоксупории пайкари поки ин шаҳид, фардо (якшанбе) дар Теҳрон, баргузор мешавад.

  Эрон дар мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ - террористӣ дар Ироқ ва Сурия ва ба дархости расмии ин кишварҳо, кумаки мусташорӣ ироа мекунад.

 

 

Барчасп