Май 28, 2017 11:22 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Базри мубораки Қуръон дар Эрони исломӣ пошида шудааст

Раҳбари муаззами инқилоб асри шанбе дар нахустин рӯзи моҳи мубораки Рамазон, дар маҳфили нуронии унс бо Қуръон гуфтанд, базри мубораки Қуръон дар ин сарзамин пошида шуда ва имрӯз фазои умумии кишвар бо Қуръон ошност.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии дафтари мақоми муаззами Раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин маросим, унс бо Қуръонро мӯҷиби ёфтани посухҳои дуруст ба саволоти фарорӯи зиндагии башар донистанд ва хотирнишон карданд, дар ҷомеае, ки ба самти ормонҳо ҳаракат мекунад, ҳазорон савол дар бораи навъи иртиботот ва рафтор, навъи мавзеъгириҳо ва дӯстиҳо, душманиҳо ва навъи бархӯрд бо умури дунявӣ пеш меояд, ки Қуръон барои тамоми ин саволот, посух дорад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, иллати гумроҳии башар ва дунёи имрӯзро посухҳои ғалат ва инҳирофӣ ба ин саволот хонданд ва афзуданд, Худованд инсонҳоро барои иртибот, муҳаббат ва кумак ба якдигар халқ кардааст, аммо имрӯз дар ҳамаи ҷои дунё ҷанг, ноамнӣ, тарсу гумроҳӣ вуҷуд дорад. Эшон, наҷот аз ин гирифториҳоро дар гарави ҳидояти қуръонӣ донистанд ва гуфтанд, мутаассифона имрӯз ҷомеаи исломӣ монанди соири ҷавомеъ, дучори мушкил аст ва афроде нолоиқ сарнавишти бархе ҷавомеи исломиро дар давлатҳое ҳамчун Саудӣ, дар даст гирифтаанд.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ иллати эҷоди чунин вазъеро дурӣ аз имон ва ҳақоиқи қуръонӣ хонданд ва хотирнишон карданд, ин афрод дар зоҳир ба Қуръон мӯътақид ҳастанд ва ҳатто миллионҳо нусха аз Қуръонро мунташир мекунанд, аммо дар амал бар хилофи дастури Қуръон, бо куффор маънус ҳастанд ва амволеро, ки бояд сарфи беҳбуди зиндагии мардуми худ кунанд, тақдими куффор ва душманони мардум мекунанд.

Эшон бо ишора ба хаёли беасоси бархе кишварҳои муртаҷеъ, ки тасаввур мекунанд, метавон бо пул, самимияти душманони исломро ҷалб кард, гуфтанд, воқеият ин аст, ки самимияте вуҷуд надорад ва ҳамонтавр, ки худи амрикоиҳо гуфтанд, онҳоро медушанд ва дар ниҳоят забҳашон мекунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба рафторҳои зидди динӣ дар Яман ва Баҳрайн, ваъдаи Қуръон бино бар нобуд шудани ботилро ёдовар шуданд ва афзуданд, касоне, ки алайҳи мусулмонон чунин корҳоеро мекунанд, ботил ҳастанд ва ботил қатъан дучори завол ва суқут хоҳад шуд. Албатта замони нобудии он, вобаста ба чигуна амал кардани муъминон аст ва агар ҷомеаи муъмин дуруст амал кунад, нобудии ботил зудтар иттифоқ хоҳад афтод.

Эшон бо ишора ба таҷрибаи миллати Эрон ва пирӯзӣ дар ҷанги таҳмилии режими Садом алайҳи Эрон, гуфтанд, миллат натанҳо бо дасти холӣ дар ҷанги таҳмилӣ пирӯз шуд, балки 40 сол аст, ки дар муқобили як ҷабҳаи қудратманди модӣ, ки аз ҳама тараф бар ӯ шамшер кашида, истодааст ва ин таҷрибаҳо нишон медиҳад, роҳи «пешрафти қавӣ, иззатмандона ва муваффақ», иртибот бо Қуръон аст.