Май 30, 2017 10:42 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти малавонони эронии наҷотёфта аз уқёнуси Ҳинд ба Эрон

Шаш малавони эронӣ, ки линҷи моҳигириашон ҳудуди се моҳи пеш дар обҳои уқёнуси Ҳинд дучори ҳодиса шуда буд, ба Эрони исломӣ бозгаштанд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, ин шаш малавони эронӣ бо линҷи моҳигирии осебдида ду моҳу 25 рӯз дар обҳои уқёнуси Ҳинд саргардон буданд, ки дар ниҳоят бо кумаки полиси дарёи Кения наҷот ёфтанд .

Малавонони эронӣ пас аз таи мароҳили қонунӣ ва ҳамоҳангиҳои сафорати Теҳрон дар Кения ба Эрон бозгаштанд .

 

Барчасп