Август 08, 2016 21:12 Asia/Dushanbe
  • Эрон инфиҷори террористии Кветтаи Покистонро маҳкум кард

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, инфиҷори террористии шаҳри Кветтаи Покистонро маҳкӯм кард.

Ба гузориши ИРНА, Алии Шамхонӣ имрӯз (душанбе) бо ирсоли паёме ба генерал Носирхон Ҷанҷуа-ҳамтоӣ покистонии худ, зимни маҳкӯм кардани иқдоми террористӣ дар Кветтаи Покистон, кушта шудани шуморе аз шаҳрвандони ин кишварро дар ин ҳодисаи террористӣ ба давлат ва мардуми Покистон таслият гуфт ва бо хонаводаи қурбониён ибрози ҳамдардӣ кард.

Вай дар паёми худ таъкид кард, бидуни талоши содиқонаи ҷомеаи байналмилал барои бастани роҳҳои таъмини молӣ, таслеҳотӣ ва узвгирии гурӯҳҳои террористӣ наметавон ба решакании терроризм умедвор буд.

Бар асари инфиҷори террористии субҳи имрӯз дар бемористоне шаҳри Кветтаи маркази иёлати Балӯчистони Покистон, 70 нафари кушта ва даҳҳо тан низ захмӣ шуданд.

Як шоха аз гурӯҳи Толибони Покистон мавсӯм ба "Ҷамоати Аҳрор" имрӯз масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Кветтаро бар ӯҳда гирифт.

 

 

 

Барчасп