Июн 01, 2017 14:39 Asia/Dushanbe
  • Забони форсӣ - забони дувуми ҷаҳони Ислом

Сафири Эрон дар Алҷазоир гуфт, забони форсӣ забони дувуми ҷаҳони Ислом аст ва ин мавзӯъ аҳамияти фаро гирифтани онро афзоиш медиҳад.

Ба гузориши ИРНА, Ризо Омирӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори форсиомӯзон дар Донишгоҳи Алҷазоир, забони форсиро забони андеша ва фарҳангу торих донисту афзуд, бо ёдгирии забони форсӣ метавон аз дастовардҳои илмӣ ва пажӯҳишиву фанноварии муҳаққиқони эронӣ истифода кард ва фарогирии забони форсӣ кӯмаки зиёде ба ошноӣ бо фарҳанги эронӣ мекунад.

Омирӣ ҳамчунин ба ҳамзистии мусолиматомези забони форсӣ ва арабӣ дар Эрон ишора карду гуфт, бо вуруди дини Ислом ба Эрон ва омехтагии фарҳанги исломиву эронӣ, файласуфони бузурге монанди Ҳофиз, Саъдӣ, Носири Хусрав, Мулло Садро, Форобӣ ва Ибни Сино дар Эрон зуҳур карданд.

Сафири Эрон дар Алҷазоир дар бораи зарурати истифода аз фанноварии кишварҳои исломӣ ҳам гуфт, фанноварӣ дар Эрон дар солҳои гузашта пешрафти зиёде доштаву Эрон омодаи интиқоли ин таҷриба ба кишвари Алҷазоир аст.

 

Барчасп