Чаро истеъмор машмули фаромӯшӣ намешавад?
-
Парлумони Алҷазоир
Порс-Тудей. Парлумони Алҷазоир барои нахустин бор баррасии тарҳи «ҷиноят шумурдани» истеъмори Фаронса дар он кишвар дар солҳои 1830 то 1962 -ро оғоз кард.
Баррасии тарҳи «ҷиноят шумурдани истеъмори Фаронса» дар парлумони Алҷазоир пас аз гузашти беш аз шаш даҳа аз истиқлоли ин кишвар, танҳо як ибтикори ҳуқуқӣ ё намодин нест, нишонаи маънодор аз бозгашти «ҳофизаи истеъмор» ба маркази мунозиаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ миёни Алҷазоир ва Фаронса аст.
Дар шароите ки равобити ду кишвар яке аз пуртаништарин давраҳои худро таҷриба мекунад, ин иқдом беш аз он ки маъруф ба гузашта бошад, мустақиман ояндаи муносибатҳои Алҷазоир ва Фаронса ва ҳатто шеваи рӯбарӯии Аврупо бо мероси истеъморро ба чолиш мекашад.
Истеъмори мустақими аврупоӣ, ба вижа пас аз поёни Ҷанги ҷаҳонии дувум ва умдатан дар даҳаҳои 1950 ва 1960 мелодӣ, ба сурати расмӣ поён ёфт, аммо поёни истеъмор ба маънои поёни паёмадҳои он набуд. Таҷрибаи кишварҳои африқоӣ, осиёӣ ва Амрикои Лотин нишон додааст, ки истеъмор ҳатто пас аз истиқлоли сиёсӣ дар қолаби сохторҳои иқтисодии нобаробар, вобастагиҳои амниятӣ, шикофҳои иҷтимоӣ ва ривоятҳои таҳрифшудаи таърихӣ идома ёфтааст. Ба ҳамин далел, ҳофизаи истеъмор ҳамчунон яке аз ҳассостарин ва чолишбарангезтарин мавзӯҳо дар равобити миёни мустамликаҳои собиқ ва кишварҳои истеъморгари аврупоӣ, ба вижа Фаронса ва Британия боқӣ мондааст.
Дар ин миён, истеъмори Алҷазоир ҷойгоҳи вижа дорад. Фаронса аз соли 1830 то 1962 Алҷазоирро на танҳо ба унвони як мустамлика, балки ба масобаи бахше аз қаламрави худ идора мекард. Лоиҳае мубтанӣ бар илҳоқи сарзаминӣ, иқомати аҳолии аврупоӣ ва ҳазфи системавии ҳувияти бумӣ. Ҷанги истиқлоли Алҷазоир, бо беш аз якуним миллион қурбонӣ, яке аз хушунатбортарин равандҳои истеъморзудоии қарни бистум буд. Ҳамин таҷриба, ҳофизаи амиқан захмӣ ва ҳалнашударо дар равобити ду кишвар бар ҷой гузошт. Тарҳе ки акнун дар парлумони Алҷазоир дар ҳоли баррасӣ аст, талошест барои хуруҷ аз вазъияти ибҳом ва сукути таърихӣ.
Таъкиди раиси парлумони Алҷазоир бар ин ки ин қонун на алайҳи миллати Фаронса, балки дар ростои ҳақиқатгӯии таърихӣ таҳия шудааст, нишон медиҳад, ки ҳадафи аслӣ, водоштани давлати Фаронса ба пазируфтани масъулиятҳои сиёсӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии ношӣ аз истеъмор аст. Ҷиноят шумурдани тамҷиди истеъмор, талаби ба расмият шинохтани расмии ҷиноятҳо ва дархости узрхоҳӣ, ҳамагӣ баёнгари ин воқеиятанд, ки Алҷазоир дигар ба «ибрози таассуфҳои мубҳам» ва ривоятҳои дугона ризоият намедиҳад. Аҳамияти ин иқдом замоне бештар ошкор мешавад, ки онро дар бастари танишҳои ҷорӣ миёни ду кишвар бибинем. Ҳимояти Фаронса аз тарҳи худмухтории Мағриб барои Саҳрои Ғарбӣ, ошкоро бо мавқеи Алҷазоир дар ҳимоят аз ҳаққи таъйини сарнавишти ин минтақа дар тазод аст.
Ин мавқеи давлати Фаронса бори дигар нишон дод, ки ихтилофоти геополитикӣ ба суръат метавонанд ҳофизаи истеъморро ба маркази мунозиа бозгардонанд. Дар чунин шароит, гузаштаи на як парванда баста, балки абзори фаъол дар мунозиаҳои сиёсии имрӯз аст. Дар сатҳе фаротар, ин муноқиша парда аз як дугонагии амиқ дар бархӯрди давлатҳои аврупоӣ бо гузаштаи торики худ бармедорад. Олмон намунае хос дар ин замина аст. Ин кишвар пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум, бо пазируфтани масъулияти комил дар қиболи Ҳолокост, пардохти ғаромат ва табдили ин гузаштаи сиёҳ ба бахше аз ҳувияти ахлоқӣ ва сиёсии худ, талош кард машруияти аз дастрафтаашро бозсозӣ кунад. Ҳимоят қотеи Берлин аз режими Исроил, ҳатто дар муқобили интиқодҳои афзояндаи ҷаҳонӣ аз ҷиноятҳои саҳюнистҳо дар Ғазза, реша дар ҳамин рӯбарӯии таърихӣ дорад. Аммо ҳамин давлатҳои аврупоӣ, замоне ки навбат ба давраи истеъмор дар Африқо, Осиё ва Амрикои Лотин мерасад, ногаҳон бар зарурати «убур аз гузашта» ва «нигоҳ ба оянда» таъкид мекунанд.
Ҷиноятҳои сохтории истеъмор, аз қатлҳои ҷамъӣ ва қаҳтиҳои таҳмилӣ гирифта то ғуломдорӣ, ғорати манобеъ ва нобудии фарҳангҳо дар гуфтори расмии Аврупо, аксар вақт ба ҳошия ронда мешавад ё дар қолаби хатоҳои таърихии камаҳамият бознамоӣ мегардад. Ин дугонагӣ тасодуфӣ нест ва ношӣ аз ҳисобу китобҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ аст. Зеро ки пазируфтани комили ҷиноятҳои истеъмор метавонад ба мавҷи талабҳои ҳуқуқӣ, ғароматҳои молӣ ва бознигарӣ дар равобити нобаробари Шимол ва Ҷануб мунҷар шавад. Аз ин манзар, тарҳи ҷиноят шумурдани истеъмори Фаронса дар парлумони Алҷазоир, чолише фаротар аз равобити дуҷонибаи Алҷазоир ва Порис аст. Ин тарҳ, ривояти расмии Аврупо аз таърихи муосирро ба пурсиш мекашад ва бар ин асл таъкид мекунад, ки ҷиноят алайҳи башарият, фориғ аз ҷуғрофиё ва ҳувияти қурбониён, машмули мурури замон намешавад. То замоне ки давлатҳои аврупоӣ масъулиятпазирии таърихиро ба шакли гузинишӣ таъриф кунанд, истеъмор ҳамчунон захми боз дар равобити Шимол ва Ҷануб боқӣ хоҳад монд. Захме ки ҳар бор бо як бӯҳрони сиёсӣ ё дипломатӣ дубора сар боз мекунад ва нишон медиҳад, ки бидуни адолати таърихӣ, «убур аз гузашта» чизе ҷуз идомаи беадолатӣ дар либоси тоза нест.