Таҳаввулоти Туркия - меҳвари гуфтугӯи телефонии Зариф ва Човушуғлу
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i181-Таҳаввулоти_Туркия_меҳвари_гуфтугӯи_телефонии_Зариф_ва_Човушуғлу
Вазири умури хориҷии Эрон дар бораи охирин таҳаввулоти Туркия бо ҳамтои турки худ телефонӣ гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 16, 2016 12:35 Asia/Dushanbe
  • Таҳаввулоти Туркия - меҳвари гуфтугӯи телефонии Зариф ва Човушуғлу

Вазири умури хориҷии Эрон дар бораи охирин таҳаввулоти Туркия бо ҳамтои турки худ телефонӣ гуфтугӯ кард.

Ба иттилои ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, дишаб, ҳамчунин бомдоди имрӯз, шанбе, дар ду навбат бо Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия телефонӣ суҳбат кард. Зариф дар ин тамоси телефонӣ аз раванди охирин таҳаввулот дар Туркия огоҳ шуд.

Вазири умури хориҷии Эрон шаби гузашта ҳамчунин дар вокуниш ба кудато дар Туркия дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт: "Дифои шӯҷоонаи мардуми Туркия аз демократия ва ҳукумати мунтахаби худ собит кард, ки кудато дар минтақаи мо ҳеҷ ҷойгоҳе надорад ва маҳкум ба шикаст аст".

Табаддулоти низомиён дар Туркия аз бомдоди шанбе бо даргирӣ ва парвози чархболу ҳавопаймоҳо ва вуруди танкҳои табаддулотгарон ба шаҳрҳои ин кишвар, бавижа ба Анкара ва Истанбул оғоз шуд.

Бекир Боздағ, вазири адлияи Туркия гуфтааст, дар маҳори кудатои нофарҷоми ин кишвар дастикам 60 нафар кушта ва 336 нафар боздошт шудаанд, аммо бархе гузоришҳо теъдоди куштаҳоро 90 тан ва захмиҳоро беш аз 1 150 нафар эълом кардаанд.