Июн 04, 2017 21:34 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Инқилоби исломӣ, бузургтарин ҳунари имом Хумайнӣ (р) буд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд: Дасти душманон дар кишварҳои минтақа, ҷангҳои ниёбатӣ ба роҳ андохтааст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар маросими бисту ҳаштумин солгарди иртиҳоли имом Хумайнӣ (р) дар марқади мутаҳҳари он имоми роҳил тасреҳ карданд: Ҳузури Арабистон дар Баҳрайн ғайримантиқӣ аст, чаро бояд кишвари бегона дар ин кишвар нерӯи низомӣ ворид кунаду бихоҳад, иродаи худро таҳмил кунад, ки натиҷаи он боиси рӯсиёҳӣ аст .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: Арабистон ҳатто агар бо ришваи чанд миллиардӣ бихоҳад, Амрикоро бо худ ҳамроҳ кунад, ба натиҷа нахоҳад расид ва дар муқобили мардуми Яман пирӯз нахоҳад шуд .

Эшон бо ишора ба тавтеаи душманон дар ба роҳ андохтани ҷангҳои ниёбатӣ дар кишварҳои минтақа хотирнишон карданд: Имрӯз гурӯҳи террористии ДИИШ аз маҳалли вилодати худ яъне Сурия ва Ироқ ронда шуда ва ба самти соири кишварҳо монанди Афғонистон, Покистон ва ҳатто Филиппин ва Аврупо меравад, ин оташест, ки худашон барафрухтанд ва домани худашонро гирифтааст .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар идомаи баёноташон ному ёди имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори ҷумҳурии исломиро бо номи инқилоб гиреҳхурда донистанду хотирнишон карданд: Ин ду аз якдигар ҷудошуданӣ нестанд ва инқилоби исломӣ бузургтарин ҳунари имом Хумайнӣ (р) буд.  

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба баргузории бошукӯҳи интихоботи ахири раёсатҷумҳурӣ дар Эрон таъкид карданд: Бубинед виқоҳати душман то куҷост, раисҷумҳури Амрико дар як низоми қабилаӣ ва мунҳати маҳз, рақси шамшер мекунад ва аз раъйи 40 миллионии миллати Эрон эрод мегирад .

 

Барчасп