Июн 05, 2017 16:20 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷаи кубро (с) таслият бод

Эрони исломӣ дар солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷа (с), ҳамсари гиромии паёмбари гиромии ислом (с) сиёҳпуш аст.

Имрӯз душанбе даҳуми моҳи мубораки Рамазони соли 1438 ҳиҷрии қамарӣ солрӯзи вафоти ҳазрати Хадиҷа (с), ҳамсари гиромии ҳазрати Муҳаммад (с), паёмбари ислом аст .

Ҳазрати Хадиҷа (с), ки аз занони номдор ва сарватманди Қурайш буд, понздаҳ сол қабл аз беъсат бо паёмбари гиромии ислом (с) издивоҷ кард .

Ин бонуи бузургвор, нахустин зане буд, ки ба рисолати паёмбар имон овард ва бо тамоми тавон ва сарвати худ ба ёрии дини ислом бархест .

Ҳазрати Хадиҷа (с) қабл аз ислом низ ба хотири доро будани сифоти писандида ва фазоили ахлоқӣ ва покдоманӣ, тоҳиралақаб гирифта буд .

 Вуҷуди ҳазрати Хадиҷа (с) барои паёмбари гиромии ислом (с) ба қадре аҳаммият дошт, ки паёмбари акрам (с) риҳлати ин бонуи бузургро мусибате азим хонданд ва соли риҳлати ҳазрати Хадиҷа (с) ва ҳомии бузурги дигари худ яъне амуи худ ҳазрати Абутолиб (а)-ро омалҳазн яъне соли андуҳ номиданд.

Мардуми муъмин ва Худоҷуи Эрон дар солрӯзи вафоти ҳамсари гиромии паёмбари гиромии ислом (с) бо ҳузур дар масоҷид ва дигар маконҳои мазҳабӣ, азодорӣ мекунанд.

Созмони садо ва симои ҷумҳурии исломии Эрон фаро расидани солрӯзи вафоти ҳазрати хадиҷа (с)-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти гиромии паёмбари ислом ва дигар озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд .