Июн 07, 2017 15:10 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъулияти ҳамалоти террористии Теҳронро бар ӯҳда гирифт

Гурӯҳи такфирӣ-саҳюнистии ДИИШ масъулияти ҳамалоти террористии имрӯз (чаҳоршанбе) дар Теҳронро ба ӯҳда гирифт.

Афроди мусаллаҳи террорист субҳи чаҳоршанбе бо пӯшиши муроҷиакунанда пас аз вуруд ба сохтмони Маҷлиси Эрон, бо нерӯҳои ҳифозати маҷлис даргир ва ба самти онон тирандозӣ карданд, ки бар асари он шуморе шаҳид ва ё захмӣ шуданд.

 Чаҳор мусаллаҳи террорист низ бо вуруд ба ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ), дар ҷануби Теҳрон шурӯъ ба тирандозӣ карданд, ки бар асари он як нафар шаҳид ва чаҳор нафари дигар захмӣ шуданд.

 Бар асари ин даргирӣ яке аз террористҳои интиҳорӣ маводи мунфаҷираи ҳамроҳи худро мунфаҷир кард, яке аз муҳоҷимон ба дасти нерӯҳои интизомӣ кушта ва як зани муҳоҷим, ки захмӣ шуда буд, боздошт шуд.

Террористҳои муҳоҷим ба Маҷлиси Эрон низ ҳамакнун дар муҳосираи нерӯҳои амниятии ин кишвар қарор доранд.

 

Барчасп