Июн 07, 2017 18:34 Asia/Dushanbe
  • Поёни ҳамалоти террористӣ дар Теҳрон бо 55 шаҳид ва маҷруҳ

Вазорати кишвари Эрон бо интишори иттилоияе эълом кард, ду ҳамлаи террористии имрӯз дар Теҳрон поён ёфтааст ва авзоъ ба сурати комил дар контроли авомили амниятӣ ва интизомии Эрон қарор дорад.

Дар иттилоияи Вазорати кишвари Эрон омадааст: Ду тими террористӣ рӯзи чаҳоршанбе ба сурати ҳамзамон дар атрофи ҳарами имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори ҷумҳурии исломии Эрон ва сохтмони идории Маҷлиси Шӯрои исломӣ, бо таҳаррукоти террористии кур талош карданд, фазои орому амнияти мавҷуд дар Эронро таҳти шуоъ қарор диҳанд.

Ин иттилоия меафзояд: Тими террористии аввал муташаккил аз ду нафар вориди муҳавватаи ҳарами имом Хумайнӣ (р) шуд, ки нафари аввал бо инфиҷори интиҳорӣ ба ҳалокат расид ва нафари дуввум пас аз тирандозии кур, дар даргирӣ бо маъмурон кушта шуд.

Дар идомаи иттилоияи Вазорати кишвари Эрон омадааст: Тими террористии дуввум муташаккил аз чаҳор нафар низ ҳамзамон бо амалиёти тими аввал саъй кард, вориди сохтмони идории Маҷлиси Шӯрои исломӣ шавад, ки пас аз вокуниши маъмурон, як нафар аз онон дар инфиҷори интиҳорӣ ва се нафари дигар пас аз тирандозиҳои кур ва талош барои ҳузур дар табақаҳои болои сохтмони идории маҷлис, дар даргирӣ бо маъмурон ба ҳалокат расиданд.

Бар асари ин ҳамалоти террористӣ, 12 нафар шаҳид ва 43 нафар низ маҷруҳ шуданд.

Гурӯҳи такфирии саҳюнистии ДИИШ масъуляти ҳамалоти террористии имрӯз дар Теҳронро ба уҳда гирифт.

 

Барчасп