Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ: Интиқом хоҳем гирифт
Ҷонишини раиси созмони иттилоот ва амнияти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Сипоҳи посдорон собит карда, ки рехта шудани ҳеч хуни покеро бидуни интиқом намегузорад ва ҳарчанд имрӯз бо кумаки бародарони нерӯи интизомӣ тавонист террористҳоро ба ҳалокат бирасонад, аммо ҳам аз онҳо ва ҳам аз дастурдиҳандагон ба онҳо интиқом хоҳад гирифт.
Сардор Ҳусайни Наҷот ҳамчунин дар ташреҳи ҳаводиси террористии Теҳрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс гуфт, террористҳое, ки субҳи имрӯз ба сохтмони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ҳамла карданд, се нафар ва ҳудуди 20 то 25 сола буданд .
Вай афзуд, ин се нафар қасд доштанд, ба ин баҳона, ки мехоҳанд, бо намояндагон дидор кунанд, вориди сохтмони муроҷиаҳои мардумии маҷлис шаванд, аммо чун бо худ бастае ба ҳамроҳ доштанд, маъмурон ба онҳо машкук шуданд .
Ба гуфтаи сардор Наҷот, ҳангоме, ки як маъмури муҳофиз хост, онҳоро бозрасӣ кунад, террористҳо бо маъмур даргир шуданд ва ӯро ба шаҳодат расонданд.
Вай афзуд: Террористҳо, ки натавониста буданд, вориди сохтмони аслии парлумон шаванд, дар салони муроҷиаҳои мардумӣ, шаҳрвандони бегуноҳ ва кормандони маҷлисро ба рагбор бастанд.
Сардор Наҷот гуфт: Сипас ягони вижаи сипоҳ вориди амал шуд ва бо кумаку пуштибонии нерӯи интизомӣ дар муддати ҳудуди як соат ин террористҳоро, ки мусаллаҳ ба мусалсал буданд ва теъдоди зиёде хишоб бо худ доштанд, ба муҳосира дароваранд ва ҳар серо ба ҳалокат расонданд.
Ба гуфтаи сардор Наҷот, дар ҳарами имом Хумайнӣ низ (р) ду террорист иқдом ба тирандозӣ карданд ва як шаҳрвандро ба шаҳодат расонданд .
Вай афзуд: Дар даргирӣ бо маъмурон дар ҳарами имом Хумайнӣ низ яке аз ду террорист худро мунфаҷир кард ва дигаре низ ба дасти маъмурони интизомӣ ба ҳалокат расид.
Сардор Наҷот гуфт: Тибқи филме, ки террористҳо аз худашон гирифтанд ва шабакаи ДИИШ онро пахш кард, ин террористҳо ба забони арабӣ суҳбат мекунанд, аммо инки миллияти онҳо мутааллиқ ба кадом кишвар аст, ҳануз маълум нест .