Иттилооти ҷадид дар бораи зани боздоштшуда дар ҳаводиси Теҳрон
Дабири аввали Комиссияи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон аз шиносоии ҳувияти зани террористе, ки дар боздошти неруҳои амниятӣ аст хабар дод.
Муҳаммадҷаводи Ҷамолӣ дар гуфтугӯ бо пойгоҳи хабарии “Ҷоми Ҷам онлайн” гуфт, зане, ки пас аз ҳаводиси террористии рӯзи гузаштаи Теҳрон, дар доми неруҳои амниятӣ- интизомии Эрон гирифтор шуд, эронӣ аст.
Гуфта мешавад, ин зан аҳли бахшҳои ҷанубии Эрон аст.
Ҷамолӣ дар бораи ҳувияти террористҳои ҳамроҳ бо ин зан низ гуфт, ҳамдастони террорист бо ин зан ҳам эронӣ буда ва аҳли навоҳии ғарби кишвар ҳастанд.
Ин намояндаи Маҷлиси Эрон бо баёни ин, ки зани террористи боздоштшуда ҳеҷ нисбати хешовандӣ ва қавмиятӣ бо дигар террористҳо надоштааст афзуд, ин зан ҳидояти террористҳоро ҳангоми амалиёт бар ӯҳда дошта ва низ равобити ғайри ахлоқӣ бо онон доштааст.
Рӯзи гузашта ахборе дар бораи боздошти як зан дар рафти амалиёти зидди террористии неруҳои амниятии Эрон мунташир шуда буд.