Июн 10, 2017 13:02 Asia/Dushanbe
  • Ду донишгоҳи эронии Шариф ва Теҳрон дар ҷамъи донишгоҳҳои бартари ҷаҳон

Донишгоҳи Санъатии Шариф ва Донишгоҳи Теҳрон дар охирин рутбабандии муассисаи англисии QS дар миёни донишгоҳҳои бартари ҷаҳон қарор гирифтанд.

Ба гузориши ИРНА, дар ҷадидтарин рутбабандии донишгоҳҳои ҷаҳон, ки аз сӯйи муассисаи англисии “Quacquarelli Symonds” барои соли 2018 мунташир шудааст, Донишгоҳи Санъатии Шариф ва Донишгоҳи Теҳрон дар феҳристи бартарин донишгоҳҳои ҷаҳон қарор гирифтаанд.

Бар асоси рутбабандии ин муассисаи англисӣ, муассисаи фанноварии Массачусетс (Эм Ай Ти) дар Амрико рутбаи аввали беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст.

Рутбабандии QS яке аз муътабартарину муҳимтарин низомҳои рутбабандии донишгоҳҳои ҷаҳон аст, ки дар арзёбиҳои худ аз шохисҳои аслии баррасии шӯҳрати донишгоҳ, арзёбии корфармоён, нисбати узви ҳайати илмӣ ба донишҷӯ, истинодҳо ба ивази аъзои ҳайати илмӣ, донишҷӯёни байналмилалӣ ва ҳайати илмии байналмилалӣ истифода мекунад.