Шиносоӣ ва дастгирии як тими террористӣ дар атрофи Теҳрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i18478-Шиносоӣ_ва_дастгирии_як_тими_террористӣ_дар_атрофи_Теҳрон
Фармондеҳи неруи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, аъзои як тими террористӣ субҳи шанбе дар атрофи Теҳрон, шиносоӣ ва дастгир шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 10, 2017 12:02 Asia/Dushanbe
  • Шиносоӣ ва дастгирии як тими террористӣ дар атрофи Теҳрон

Фармондеҳи неруи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, аъзои як тими террористӣ субҳи шанбе дар атрофи Теҳрон, шиносоӣ ва дастгир шуданд.

Ба гузориши ИРНА, генерал Ҳусайни Аштарӣ-фармондеҳи неруи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, теъдоде аз афроди муртабит бо гурӯҳҳои террористӣ, пас аз ҳамлаи террористии ҳафтуми июн дар Теҳрон бо ҳушёрии пулис, Сипоҳи посдорон, басиҷ ва дигар дастгоҳҳои амниятӣ дастгир шуданд.

Дар ҳамин ҳол Аҳмади Фозилиён, раиси кулли додгустарии устони Албурз (ғарби Теҳрон) имрӯз эълом кард, ҳафт нафар аз авомили пуштибонии ҳамалоти террористии Теҳрон, дар шаҳристони Фирдавси устони Албурз шиносоӣ ва дастгир шудаанд.

Ҳамалоти субҳи чаҳоршанбе (ҳафтум июн) аносури вобаста ба гурӯҳи террористи ДИИШ ба Маҷлиси Шӯрои исломи Эрон ва ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ.) дар Теҳрон, 17 шаҳид ва 52 захмӣ бар ҷо гузошт.