Китоби “Ойини оина”-и Фирдавси Аъзам дар Теҳрон мунташир шуд
“Ойини оина” маҷмӯаи ҷадиди ғазалҳои Фирдавси Аъзам, шоири ғазалсарои ҷавони тоҷик дар интишороти “Утоқи обӣ”-и шаҳри Теҳрон бо теъдоди 1000 нусха мунташир шуд.
Ин китоб, ки бо талошҳои оқои Фарҳоди Ороӣ мунташир шудааст, беш аз 60 ғазали ҷадиди шоири тоҷикро дар бар мегирад ва бо ороиши нафис ба табъ расидааст.
Оқои Шоҳини Сипанто, адиби фарҳехтаи эронӣ ба китоби мазкур пешгуфтор навишта ва дар он, ба бархе вежагиҳо ва тозакориҳои Фирдавси Аъзам ишора намудааст.
Фирдавси Аъзам номи китобашро аз ғазали шоири бузурги эронӣ устод Қайсари Аминпур интихоб кардааст. Ҳамчунон ки аз унвони китоб бар меояд, Фирдавс аз алоқамандон ва дилбохтагони оина, намоди бериёӣ ва покизагӣ аст ва талош намудааст, дар оина тамоми намои афкори шоиронааш, бардоштҳои хешро аз одам ва олам ироа намояд, бо ин зеҳният ба инсон ва ҷаҳони атроф менигарад ва ёфтаҳои ноби хешро дар тибқи ихлос мегузорад. Дар ҳақиқат шеъри ӯ оинаи андеша ва тафаккури ӯ аст, ки бо ҷилваҳои рангин ҳамонанди садгеси осмон чеҳра намоӣ мекунад.
Фирдавси Аъзам то кунун бо ду китоби ашъори “Абрҳои обӣ” ва “Як бағал ғазал” дар миёни хонандагони форсизабон ба унвони шоири ғазалсаро муаррифӣ шудааст.
Қарор аст, китоби мазкур дар доираҳои адабии Эрон рӯнамоӣ ва ба бисёре аз марокизи фарҳангӣ ба таври ройгон арза шавад.
Фирдавс фарзанди Аъзами Хуҷаста, аз шоирони хушбаёни тоҷик дар соли 1984 ба дунё омадааст. Вай фориғуттаҳсили Донишкадаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Хуҷанд бо тахассуси забони англисӣ мебошад.
Ашъораш дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳо мунташир шудааст.