Июн 11, 2017 13:40 Asia/Dushanbe
  • 
Муваффақияти Эрон дар ҷазби сармоягузории беш аз се миллиард долларӣ

Бар асоси ҷадидтарин гузориши Конфронси тиҷорат ва тавсеаи Созмони Милал (Unctad), Эрон бо ҷазби се миллиарду 371 миллион доллар сармоя дар соли 2016, рушди 64 дарсадиро сабт кардааст.

Ба гузориши ИРНА, бештарин мизони ҷазби сармоягузорӣ дар Эрон, дар шаш соли гузашта ба соли 2012 ва қабл аз эъмоли таҳримҳо боз мегардад, ки Эрон тавонист чаҳор миллиарду 662 миллион доллар ҷазб кунад.

Гузориши Конфронси тиҷорат ва тавсеаи Созмони Милал ҳамчунин нишон медиҳад, Эрон дар сол 2016 пас аз иҷроӣ шудани БАРҶОМ тавонистааст, дар миёни кишварҳои фаъол дар инъиқоди мувофиқатномаҳои сармоягузорӣ қарор гирад.

Ба гузориши Unctad, дар соли гузашта (2016) дар маҷмӯъ 37 мувофиқатномаи байналмилалии сармоягузорӣ дар ҷаҳон имзо шудааст, ки Туркия бо имзои ҳафт мувофиқатнома дар садр қарор дорад ва Эрон бо имзои се мувофиқатнома дар ҷойгоҳ сеюм ҷо гирифтааст.

Unctad дар соли 1964 бо ҳадафи якпорчагии кишварҳои дар ҳоли тавсеа бо иқтисоди ҷаҳонӣ таъсис шуд ва гузориши арзёбии ин ниҳоди байналмилалӣ, намои равшане аз ҳаракати сармоягузорон ва низ муваффақияти кишварҳоро дар ҷазби сармоя ироа медиҳад.

 

Барчасп