Раҳбари инқилоб: Амрикоиҳо бо муборизаи воқеӣ бо ДИИШ мухолифанд
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфт: Агар касе бихоҳад, ДИИШ-ро нобуд кунад, амрикоиҳо бо ӯ муқобила мекунанд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ асри душанбе дар дидори сарони қуво ва ҷамъе аз масъулони Эрон афзуданд: Ахиран амрикоиҳо дар суханони худ дар бораи Эрон, таҳти унвони ҳанҷорҳои байналмилалӣ мавзуи “бесуботсозии минтақа”-ро матраҳ мекунанд, ки дар посухи онҳо бояд гуфт, аввалан ин минтақа чи иртиботе ба шумо дорад ва сониян омили бесуботии минтақа, шумо ва аъмолатон ҳастед.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ишора ба нақши амрикоиҳо дар эҷоди гурӯҳаки ДИИШ ва ҳимоятҳои низомӣ ва тадорукотӣ аз ин гурӯҳак таъкид карданд: Иддаои ташкили эътилоф бар зиди ДИИШ як дуруғ аст, албатта амрикоиҳо бо ДИИШ-и контролнашуда мухолифанд, аммо агар касе бихоҳад, воқеан ДИИШ-ро нобуд кунад, бо ӯ муқобила мекунанд.
Эшон ҳамчунин таъкид карданд: Бисёре аз масоили мо бо Амрико асосан қобили ҳал нест, зеро мушкили Амрико бо мо ношӣ аз масоиле ҳамчун энержии ҳастаӣ ва ҳуқуқ башар нест, балки мушкили онҳо бо асли ҷумҳурии исломӣ аст.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ сипас бо таъкид бар зарурати эҷоди фазое ҷадид аз ҳамкорӣ ва талош барои пешрафти Эрон дар хусуси интихоботи 19 май гуфтанд: Интихоботи ахири раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои исломии шаҳру русто кори бузурге буд ва қудрати инқилобу умқи нуфузи низоми исломиро дар дилҳои мардум нишон дод, агарчи расонаҳои ҷаҳонӣ дар таблиғоти пурҳаҷми худ ҳеч ишорае ба ин масъалаи муҳим намекунанд .
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба иқдомоти вақеҳонаи амрикоиҳо баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон дар афзоиши таҳримҳо афзуданд: Дар муқобили ин душманиҳо, бояд фазои ҷадиде аз ҳамкорӣ, кору талош барои расидан ба ҳадафи муштарак яъне пешрафти кишвар ва эътилои ҷумҳурии исломӣ эҷод кард ва ҳама дар он фазо саҳим шаванд .
Пеш аз суханони раҳбари инқилоби исломӣ, раисҷумҳур бо ташаккур аз мардум ва раҳбари муаззами инқилоб бахотири шаклгирии ҳамосаи интихоботи ахир гуфт: Пирӯзи интихобот миллат аст ва даврони рақобатҳо ва бигумагуҳо дигар поён ёфта ва имрӯз бояд ба хостаҳо ва мутолиботи мардум таваҷҷуҳ кунем .