Июн 13, 2017 15:46 Asia/Dushanbe
  • Моҳияти воқеии Амрико аз дидгоҳи Раҳбари муаззами инқилоб

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ асри душанбе дар дидори сарони қувво, масъулон ва коргузорони низом ва ҷамъе аз мудирони кишвар, бахше аз баёноташонро ба табйини моҳияти воқеии Амрико ихтисос доданд.

Раҳбари муаззами инқилоб дар баёноташон дар ин бора ба иқдомоти вақеҳонаи амрикоиҳо баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ишора карданд ва гуфтанд: “..Қудратҳои истикборӣ барои таҳмили хостаҳои худ шеваҳои мухталифе ба кор мегиранд. Яке аз ин шеваҳо таъмини манофеи мустакбирон таҳт унвони “Ҳинҷорҳои байналмилалӣ” аст то аз ин роҳ кишварҳои мустақил ва зулмситезро ба ҳинҷоршиканӣ муттаҳам кунанд”.

Раҳбари инқилоби исломӣ дар ин замина изҳороти ахири амрикоиҳо дар бораи Эронро ёдовар шуданд, ки дар гуфтумонҳои таблиғотӣ ва илқои худ мавзӯи “бесуботсози минтақа”- ро таҳти унвони ҳинҷорҳои байналмилалӣ матраҳ мекунанд.

Баёноти Раҳбари муаззами инқилоб дар воқеъ колбудшикофи аҳдофи Амрико аз ҳинҷорсозиҳои байналмилалӣ аст, ки агар ба дурустӣ дар бораи он андешида шавад, илал ва авомили аслии бисёре аз мушкилот ва муъзалот ошкор хоҳад шуд.

Ноам Чомский, сиёсатмадор ва назарияпардози машҳури амрикоӣ чанде қабл дар мусоҳибае дар посух ба саволе дар бораи изҳороти мақомҳои Амрико дар бораи ин ки Эрон бузургтарин таҳдид аст, гуфт: “...Амрико Эронро бузургтарин таҳдид барои сулҳ медонад, аммо бар асоси назарсанҷиҳои худи амрикоиҳо ва назарсанҷиҳои Голуп, ҷаҳон бар ин бовар аст, ки Амрико бузургтарин таҳдид барои сулҳи ҷаҳонӣ аст..”

Албатта Чомский танҳо касе нест, ки аз воқеиятҳо дар бораи моҳияти аҳдофи ошкор ва ниҳони Амрико дар ин замина сухан мегӯяд. Мушобеҳи ҳамин воқеиятро Ранд Паул, сенатори ҷумҳурихоҳи Амрико низ чанд моҳ қабл дар ҷаласаи истимои Сано баён кард ва гуфт: “..он қадр дар мавриди Эрон дилвопас шудаем, ки нақши ифротиюни ваҳҳобии Арабистон дар даргириҳои минтақаӣ ва ҳамчунин терроризми ҷаҳониро фаромӯш кардаем.”

Вай изҳор дошт, бахши аъзами ҳимоят аз ифротгароӣ ва терроризм аз тарафи Арабистон ва на аз сӯи Эрон фароҳам мешавад. Нақши Амрико дар роҳ андохтани ҷангҳо ва муноқишоти байналмилалӣ ва нақзи муоҳидоти байналмилалӣ аз Конвенсиюни обуҳавои Токио то тавофуқи Париж ва нодида ангоштани муоҳидаи Эн Пи Ти ва истифода аз силоҳи атомӣ то шурӯи ҷангҳои пешдастона ба баҳонаи мубориза бо терроризм ва монеътарошӣ бар сари роҳи тиҷорати озоди ҷаҳонӣ, ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ ва ДИИШ ҳар як намунае аз ҳинҷоршиканиҳои Амрико дар арсаи байналмилалӣ аст. Ин ҳинҷоршиканиҳо ва иқдомоти мухарриб ба танҳоӣ кофӣ аст то дунё бидонад моҳият ва нақши воқеии Амрико дар арсаи минтақаӣ ва байналмилалӣ дар кадом сӯ қарор дорад ва ин ки оё воқеан Амрико ба дунболи ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ аст ва ё он ки худ бахше аз мушкилот ва омили бавуҷудоварандаи таҳдидҳо ва буҳронҳову ҷангҳост?.

Бетардид нукоте, ки дар баёноти Раҳбари муаззами инқилоб хитоб ба масъулони низом дар хусуси масоили мухталиф мавриди таъкид қарор гирифтааст, дорои аҳамияте чандваҷҳӣ аст, ки шинохт ва таваҷҷуҳ ба моҳияти воқеии Амрико бахше аз он ба шумор меравад. Аммо бахши дигар ва муҳимтари он роҳбурдҳои калони низоми ҷумҳурии исломӣ дар муқобили таҳдидҳо, рафторҳо ва ҳинҷорсозиҳои Амрико зидди Эрон дар сатҳи байналмилалӣ аст.

 Раҳбари муаззами инқилоб дар ин замина бори дигар бар зарурати “тақвияти иқтидори низомӣ ва амниятӣ” ва мудирияти фурсатҳо ва таҳдидҳо дар муқобили фишорҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин бадаҳдиҳои Амрико дар иҷрои БАРҶОМ таъкид карданд.

 Бо таваҷҷуҳ ба маҷмӯаи ин мавзӯҳо ва воқеиятҳои ошкору ниҳон дар сиёсатҳо ва рафторҳои Амрикост, ки Раҳбари инқилоби исломӣ дар каломи охир хотирнишон карданд, бисёре аз масоил бо Амрико асосан қобили ҳал нест.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ сари кор омадани низоми исломӣ дар минтақае муҳим ва дар сарзамине сарватманд ҳамчун Эрон ва дар пеш гирифтани сиёсатҳои мустақилро омили аслии душмании амрикоиҳо бо ҷумҳурии исломӣ донистанд ва гуфтанд: “Онҳо бо асли истиқлоли кишвар мухолифанд ва ҳатто агар ҳукумате дар кишвар бар сари кор буд, ки динӣ ва инқилобӣ набуд, аммо мустақил буд, мухолифатҳо ва норозигиҳое бо он вуҷуд дошт.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ масоиле ҳамчун “ҳуқуқи башар, терроризм ва иддаои эҷоди бесуботӣ аз сӯи Эрон дар минтақа”-ро баҳонаҳои Амрико алайҳи низоми исломӣ донистанд ва хотирнишон карданд: “..Амрико худ террорист ва террористпарвар ва ҳомии режиме ҳамчун режими саҳюнистӣ аст, ки мағзи терроризм аст ва аз рӯзи аввал бо террор ва зулм ба вуҷуд омадааст, бинобарин, бо Амрико наметавон канор омад.”