Июн 13, 2017 16:06 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи сиёсӣ - беҳтарин роҳ барои ҳалли ихтилофот дар минтақа

Вазири умури хориҷии Эрон бо ишора ба қатъи равобити Арабистон ва бархе дигар аз кишварҳои арабӣ бо Қатар таъкид кард, беҳтарин роҳ барои ҳалли ихтилофоти кишварҳо гуфтугӯи сиёсӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи сешанбе, пеш аз баргузории Маҷмаи Осло дар Норвегия дар дидор бо Мирослав Лайчак, вазири умури хориҷии Словакия гуфт, фишор ва равиши низомӣ барои ҳалли низоъҳои минтақаӣ тасмими нодуруст аст.

Вазири умури хориҷии Эрон тафаккури салафигароии мавриди эътиқоди ваҳҳобиятро решаи ифротгароӣ дар минтақа унвон кард. Зариф ҳамчунин бо таъкид ба густариши равобити Эрону Словакия аз Лайчак барои ширкат дар маросими савдгандёдкунии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки панҷуми августи соли 2017 баргузор хоҳад шуд, даъват кард. Лайчак низ дар ин дидор бо таслият ба вазири умури хориҷии Эрон дар пайи ҳаводиси ахири террористӣ дар Теҳрон, ки ба шаҳодати 17 нафар ва захмӣ шудани 52 нафар мунҷар шуд, бар тааҳҳуди кишварҳои аврупоӣ ба иҷрои тавофуқномаи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) таъкид кард. Лайчак ҳамчунин омодагии Словакияро барои идомаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Эрон эълом кард.

Зариф пеш аз ин дидор  бо вазирони хориҷии Норвегия, Индонезия ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо низ дидору гуфтугӯ карда буд. Вазири умури хориҷии Эрон рӯзи душанбе ҳамроҳи ҳайати сиёсие барои ширкат дар Маҷмаи Осло-2017 ба Осло, пойтахти Норвегия сафар кард.

 

Барчасп