Чаро Арабистон омили ҳамалоти Теҳрон аст?
Вазири умури хориҷии Эрон, ки дар нишасти Ослои Норвегия ширкат кардааст, дар посух ба пурсише тавзеҳ дод, ки чаро Эрон Арабистонро масъули ҳамалоти террористии Теҳрон медонад.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар нишасти Осло гуфт, масъулони Арабистон ба таври ошкор гуфта буданд, ҷангро ба дохили Эрон мебаранд ва ин таҳдиди мустақим аст. Зариф афзуд, ҳамон рӯзе ҳам, ки ҳамлаи террористӣ дар Эрон анҷом шуд, Одил Ҷубайр, вазири хориҷии Арабистон паёме дар “Твиттер” мунташир кард, ки дар он омада буд: “Эрон ба хотири дахолат ва ҳимоят аз терроризм дар минтақа бояд танбеҳ шавад”.
Дар ду ҳамлаи террористии рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта дар Теҳрон 17 нафар шаҳид ва 52 тан низ маҷрӯҳ шуданд.
Вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин гуфт, Эрон беш аз 20 сол аст, ки мегӯяд, ҳама масоилро бояд аз тариқи гуфтугӯ ҳал кард. Ӯ афзуд, агар пас аз ҳамлаи Ироқ ба Эрон қатъномаи он (қатъномаи №598-и Шӯрои амният барои поёни ҷанг) ба таври комил иҷро мешуд, ҷанги Кувейт рӯй намедод ва агар ҷилави ҷанги Кувейт ҳам гирифта мешуд, ДИИШ ба вуҷуд намеомад. Зариф бо баёни ин ки масъулони эронӣ ба дунболи амният дар минтақа ҳастанд, таъкид кард, Эрон мехоҳад ҳамсоягонаш, ҳатто Арабистон ва Қатар амн бошанд.
Маҷмаи Осло рӯзи сешанбе бо ҳузури вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар шахсиятҳои ҷаҳонӣ дар пойтахти Норвегия оғоз ба кор кард. Ин маҷмаъ ҳар сол бо ҳузури миёнҷигарони байналамилалӣ, масъулони аршади ҷаҳон, фаъолони сулҳу коршиносони байналмилалӣ дар пойтахти Норвегия барои поён додан ба даргириҳои ҷаҳонӣ роҳҳалҳое пешниҳод мекунад.