Июн 15, 2017 18:02 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши шадиди Эрон ба изҳороти вазири хориҷаи Амрико

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон изҳороти ахири вазири умури хориҷаи Амрико зидди Эронро мудохилаҷӯёна, нақзкунандаи сареҳи ҳуқуқи байналмилал ва ғайриқобили қабул донист ва ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши Маркази дипломосии умумӣ ва расонаии вазорати умури хориҷаи Эрон, Баҳроми Қосимӣ афзуд, сардаргумӣ, таъсирпазирӣ аз илқооти нобаҷо ва воқеиятгурезӣ, аз мушаххасаҳои боризи сиёсати хориҷии давлати ҷадиди Амрико аст, ки намунаи ахири он, дар изҳороти ин мақоми амрикоӣ пайдо аст.

 Қосимӣ таъкид кард, давлат ва миллати Эрон нишон доданд бо ваҳдат, дироят, ақлоният ва хирадварзӣ, барои муҳофизат аз каёни кишвар, низом ва ормонҳои худ истодагӣ мекунанд ва ин суханони бепоя ва ваҳмолуд дар миёни мардум ва ҷомеаи муқовим ва фарҳехтаи эронӣ, манфӯр аст.

Вай ба давлатмардони ҷадиди Амрико ҳушдор дод, озмудаҳоро чандбора наёзмоянд, ки ҷуз пушаймонии бештар ва хисороти сангинтар барои онон ҳосиле дар пай нахоҳад дошт.

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи чаҳоршанбе иддао кард, фаъолитҳои Эрон дар минтақа, бесубот кунандааст.