Июн 16, 2017 19:23 Asia/Dushanbe
  • Посухи Зариф ба изҳороти ахири вазири умури хориҷии Амрико

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон таъкид кард, амрикоиҳо ба ҷойи талош барои тағйири режими Эрон ба фикри ҳифзи режими худ бошанд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, дар тозатарин паёми твиттерии худ овардааст: “Мақомоти амрикоӣ қабл аз бозгашт ба сиёсати ғайриқонунӣ ва таваҳҳумолуди тағйири режим таърихро мутолиа кунанд ва аз он дарс бигиранд”. Зариф афзуд, расвоии дахолати Амрико дар табаддулоти соли 1953 дар Теҳрон ва таҷрибаи инқилоби соли 1979 собт кард, ки мардуми Эрон дар баробари талошҳои хориҷӣ барои таъйини сарнавишташон муқовимат мекунанд.

Вазири хориҷии Эрон ин матлабро дар посух ба изҳороти ахири ҳамтои амрикоияш мунташир кардааст. Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико ахиран гуфтааст, ки кишвараш барои тағйири мусолиматомези режим дар Эрон талош мекунад.

 

Барчасп