Шамхонӣ: Мусаввабаи Сенати Амрико иқдоме хасмона ва ғайриқонунӣ аст
(last modified Sun, 18 Jun 2017 10:59:50 GMT )
Июн 18, 2017 15:59 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Мусаввабаи Сенати Амрико иқдоме хасмона ва ғайриқонунӣ аст

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт: Мусаввабаи Маҷлиси Сенати Амрико фориғ аз нисбати ҳуқуқии он бо БАРҶОМ, рафторе хасмона ва ғайриқонунӣ алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Сенати Амрико, панҷшанбе шаби гузашта тарҳи ҷомеи таҳримҳо зидди ҷумҳурии исломии Эронро бо номи «Қонуни муқобила бо иқдомоти бесубот‌кунандаи Эрон-2017» тасвиб кард. Ин тарҳ шомили таҳримҳои мушаки баллистик, таҳримҳои муртабит бо терроризм ва иҷрои таҳрими таслеҳотӣ аст .

Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон афзуд: Дар ҷаласаи ахири ҳайъати назорат бар иҷрои барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), мусаввабаи Маҷлиси Сенати Амрико ба диққат баррасӣ ва тасмимоти лозим барои анҷоми иқдомот ва фаъолиятҳои мутақобил иттихоз шуд .

Шамхонӣ тасреҳ кард: Тадовуми масири ғайрисозандаи давлати Амрико алайҳи Эрон нишон медиҳад, ки ҳукоми ин кишвар ба дунболи баҳонаҷуӣ барои афзоиши таниш ва бесуботӣ дар минтақа ҳастанд .

Вай ҳамчунин дар бораи изҳороти ахири Рекс Тиллерсон, вазири хориҷаи Амрико гуфт: Ифротгароёни Амрико ва ДИИШ ду рӯи як сиккаанд, ки бо ҳадафи муштарак ва абзорҳои мутафовит ба дунболи таъсиргузории манфӣ ва амниятӣ кардани шароити ҷумҳурии исломии Эрон ҳастанд .

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, изҳороти хасмонаи вазири умури хориҷаи Амрикоро мисдоқи боризи таваҳҳуши модерн донисту афзуд: Муттаассифона имрӯз дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ афрод ва кишварҳое суҳбат аз суботу амният мекунанд, ки худ реша ва самараи ноамнӣ, шарорат ва тавсеаи терроризм ҳастанд .

Вазири хориҷаи Амрико сешанбеи гузашта дар Кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси Сенат, Эронро ба идомаи фаъолиятҳо ва мудохилоти бесуботкунанда дар минтақаи Ховари Миёна муттаҳам карда буд .