Август 09, 2016 12:54 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи дуввуми Донишгоҳи санъатии шарифи Эрон дар мусобиқоти Институти фазонавардии Амрико

Тими донишҷӯии Донишгоҳи санъатии шариф муваффақ ба касби рутбаи дуввуми мусобиқоти байналмилалии Институти ҳавонавардӣ ва фазонавардии Амрико (AIAA) шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, тими "Shadx" аз Донишкадаи муҳандисии ҳавофазои ин донишгоҳ дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти байналмилалӣ ва муътабари AIAA аз байни 9 тим аз 5 донишгоҳи кишварҳои мухталиф бо ироаи пешниҳоди худ, рутбаи дуввумро ба даст овард.

Институти ҳавонавардӣ ва фазонавардии Амрико созмоне пешрав дар арсаи ҳавофазост, ки 80 сол аз таъсиси он мегузарад ва ҳудуди 33 ҳазор узв дар 88 кишвари дунё дорад.

Ин институт барои ташвиқи донишҷӯён ба таҷрибаи фазоии санъатӣ ва воқеӣ, мусобиқоти тарроҳиро дар раддаи каршиносӣ ва таҳсилоти такмилӣ дар мавзӯоти мухталиф ба сурати гурӯҳӣ ва инфиродӣ баргузор мекунад ва ҳамасола тимҳое аз донишгоҳҳои муътабаре ҳамчун "Virginia Tech", "Georgia Tech", "Purdue ва DELFT дар ҷараёни ин мусобиқот ба рақобат бо якдигар мепардозанд.

Барчасп