Ҷаҳон садои силии Эрон ба ДИИШ-ро шунид
Хабари ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ зидди мавозеи террористҳо дар Дайр-уз-зури Сурия, ба суръат дар расонаҳои ҷаҳон мунъакис ва ба хабари муҳимми он расонаҳо табдил шуд.
Ба гузориши манобеи расонаӣ, Ройтерз дар гузориши худ навишт, Сипоҳи посдорони Эрон ба талофии ҳамалоти террористии ахири Теҳрон, иқдом ба шиллики мушакҳои замин ба замин аз ғарби Эрон ба шарқи Сурия кард.
Рӯзномаи Ню-Йорк Таймз ҳам дар матлабе таҳти унвони Эрон бо шиллики мушак «террористҳо» дар Сурияро танбеҳ кард, навишт, ҳамлаи мушакии Эрон баёнгари афзоиши нақши ин кишвар дар ҷанги Сурия ва нишонае аз қудрати рӯ ба рушди Теҳрон дар минтақа аст.
Пойгоҳи интернетии шабакаи «СНБС» низ бо ишора ба ин ҳамлаи мушакӣ, дар гузорише навишт, Сипоҳи посдорон ҳушдор додааст. алайҳи ҳар гурӯҳи дигаре, ки ҳамалотеро дар Эрон анҷом диҳад, ба ҳамин шакл талофӣ хоҳад кард.
Хабаргузории Син Хуаи Чин ҳам ба пӯшиши ин хабар пардохтанд ва навиштанд, Эрон мақари террористҳоро дар Дайруззур бо мушакҳои миёнбурд ҳадаф қарор дод.
Рӯзномаи саҳюнистии Гааретс низ ин хабарро мунъакис карда ва навиштааст, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар аввалин истифодаи амалиётӣ аз мушакҳои худ ба Дайруззур ҳамла кард.
Дар расонаҳои русӣ ҳам ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ба мақари террорисҳо дар Дайр-уз-зури Сурия бозтоби густурдае доштааст ва шабакаҳо ва хабаргузориҳои русӣ эълом карданд, Эрон бо ҳамлаи мушакӣ ба мақари ДИИШ дар Сурия, интиқоми ҳамлаи ахири террористҳо ба Теҳронро гирифт.
Хабаргузории Фаронса, шабакаи хабарии СНН ва Ассошиэйтед Пресс ва бисёре аз расонаҳои ғарбии дигар ҳам ба пӯшиши сареъи ин хабар пардохтанд, аммо бархе расонаҳои арабӣ бавижа Ал Арабияи Арабистон, ки маъмулан ахбори зидди эрониро сареъан пӯшиш медиҳанд, ҳанӯз ҳамлаи Эрон ба мавозеи террористҳоро ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ худ пӯшиш надодаанд.