Сафири Сурия дар Лубнон: Зарбаи мушакии Эрон иқдоме қотеъ буд
(last modified Mon, 19 Jun 2017 12:17:12 GMT )
Июн 19, 2017 17:17 Asia/Dushanbe
  • Сафири Сурия дар Лубнон: Зарбаи мушакии Эрон иқдоме қотеъ буд

Сафири Сурия дар Лубнон ҳамлаи мушакии Эрон ба мақарри гурӯҳи террористии ДИИШ дар Дерулзурро қотеона тавсиф кард.

Ба гузориши Ирно, Алӣ Абдулкарим Алӣ, сафири Сурия дар Лубнон рӯзи душанбе гуфт: Ҳамлаи мушакии Эрон собит кард, бозии “Эътилофи байналмилалӣ” ба саркардагии Амрико дар Сурия бо посухи равшан ва қотеи Эрон ва дигар тарафҳои ҳозир дар саҳна, ки дар ҳоли ҷанги воқеӣ бо террористҳо ҳастанд, рӯ ба рӯ хоҳад шуд .

Алӣ Абдулкарим Алӣ таъкид кард: Гурӯҳи террористии ДИИШ заифтар аз гузашта шуда ва рӯҳияи худро бохтааст .

Сафири Сурия афзуд: Ҳамлаи мушакии Эрон натоиҷи қавӣ ва равшане дошт ва ҳамаи касоне, ки терроризмро бозӣ фарз карда ва бар рӯи террористҳо сармоягузорӣ мекунанд, бояд ба диққат паёми ин ҳамлаи Эронро мавриди баррасӣ қарор диҳанд .