Июн 20, 2017 20:00 Asia/Dushanbe
  • Тасмимҳои ҷиддии Эрону Ироқ барои мубориза бо терроризм

Муовини аввали раисҷумҳури Эрон ва нахуствазири Ироқ рӯзи сешанбе дар нишасти хабарии муштарак дар Теҳрон бар афзоиши ҳамкориҳои Теҳрону Бағдод дар мубориза бо терроризм ва ҳамчунин бар густариши муносиботи иқтисодӣ таъкид карданд.

Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ дар ин нишасти хабарӣ бо ишора ба басҳои матраҳшуда дар нишасти хусусии масъулони эронию ироқӣ гуфт, ҳалли мушкилоти бонкӣ, тақвияти муносиботи иқтисодӣ, афзоиши содироти газ, эҳдоси хати оҳани Шаламча - Басра ва мавзӯоти зистмуҳитӣ, аз ҷумлаи баҳсҳое буд, ки дар гуфтугӯ бо оқои Ибодӣ матраҳ шуд. Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ ҳам бо ишора ба тақвияти равобити дуҷонибаи Теҳрону Бағдод дар ҳамкории дуҷониба ва муқобила бо терроризм гуфт, “тасмимҳои ҷиддитаре дар мубориза бо терроризм иттихоз кардем”. Нахуствазири Ироқ бо ишора ба оғози даврони суботу бозсозӣ дар ин кишвар пас аз нобудии террористҳо афзуд, “ҳамкории хубе дар заминаҳои тиҷорию иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳем дошт”.

Ҷаҳонгирӣ имрӯз ҳамчунин пас аз истиқболи расмӣ аз нахуствазири Ироқ дар ҷамъи хабарнигорон ба давлату миллати Ироқ ба хотири муваффақиятҳои ахири ин кишвар ва пирӯзиҳое, ки бар террористҳо дар Мусил ба даст оварданд, табрик гуфт. Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ низ гуфт, аз сафараш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ду ҳадафи умдаро дунбол мекунад, ки аввалин ҳадаф тақвияти равобити дуҷониба ва ҳадафи дуюм изҳори таслияти худ бобати иқдоми террористии ахир дар бархе нуқоти Эрон аст.