Рӯҳонӣ: Рӯзи ҷаҳонии Қудс рӯзи эҳёи масъалаи Фаластин аст
Раисҷумҳури Эрон, ихтилофоти минтақа ва ҷаҳони исломро ба нафъи саҳюнизм ва терроризм донист ва таъкид кард: Барои маҳори саҳюнизм ва терроризм дар минтақа бояд ваҳдати ҷаҳони ислом тақвият шавад.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайъати давлат бо даъват аз ҳамаи мардуми Эрон барои ҳузури густарда дар роҳпаймоии Рӯзи ҷаҳонии Қудс афзуд: Масъалаи Фаластинро наметавон ба ҳеч унвон фаромуш кард, гарчи саҳюнистҳо дар солҳои ахир бо тарвиҷи терроризм дар минтақа ба дунболи ин буданд, ки мавзуи Фаластин ба фаромушӣ супурда шавад .
Рӯҳонӣ бо таъкид бар инки Рӯзи ҷаҳонии Қудс рӯзи эҳёи масъалаи Фаластин аст, тасреҳ кард: Рӯзи Қудс ба маънои ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин, истодагӣ дар баробари зулм, рафъи ихтилофот дар ҷаҳони ислом ва ҳам ба маънои муборизаи қотеъ бо терроризм ва посух ба мудохилаҳои қудратҳои бузург бавижа Амрико дар минтақа аст.
Вай бо баёни инки мавзуи терроризм минтақа ва ҷаҳонро нигарон кардааст, изҳор кард: Бетардид ихтилофи миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳони ислом дар ниҳоят ба нафъи саҳюнизми ҷаҳонӣ ва Исроили ғосиб аст .
Раиси қувваи муҷрияи Эрон, мубориза бо терроризмро ба зарари саҳюнистҳо ва ба нафъи ҷаҳони ислом донисту афзуд: Эрон ба унвони як ҳадафи аслӣ барои сулҳу суботи минтақа ба ҳамаи миллатҳое, ки бо терроризм мубориза мекунанд, кумак кардааст ва аз онон ҳимоят мекунад .
Раисҷумҳури Эрон таъкид кард: Ҷумҳурии исломии Эрон ба террористҳо ва арбобонашон дар минтақа иҷоза нахоҳад дод, то фаъолиятҳои террористиро ба дохили Эрон бикашонанд .