Таъкиди раисиҷумҳури Туркманистон бар оғози фасли нав дар равобити Ашқобод бо Теҳрон
(last modified Sat, 24 Jun 2017 11:58:38 GMT )
Июн 24, 2017 16:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисиҷумҳури Туркманистон бар оғози фасли нав дар равобити Ашқобод бо Теҳрон

Раисиҷумҳури Туркманистон гуфт, равобит ва ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Ашқобод ва Теҳрон аз сатҳи болое бархӯрдор аст ва баҳрабардорӣ аз пули ҷадиди марзии Сарахс, фасли ҷадидеро дар ин замина эҷод мекунад.

Қурбонгули Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон гуфт, бо иҷрои тарҳҳои муштараки зербиноӣ дар заминаи ҳамлу нақл ва транзити коло, заминаи лозим ҷиҳати фаъолсозии иқдомоти мусбат дар ростои тавсеа ва густариши муносиботи ҳамаҷониба байни ду кишвар фароҳам мешавад.

Раисиҷумҳури Туркманистон афзуд, иштирокоти зиёди фарҳангӣ, суннатӣ ва таърихӣ байни миллати туркман ва Эрон асос ва пояи равобити ҳусни ҳамҷаворӣ байни ду кишвар аст.

Бердимуҳаммадов ҳамчунин бо таъкид бар аҳамияти иҷрои тарҳҳои муштараки зербиноӣ дар арсаҳои мухталиф афзуд, дар ҳоли ҳозир роҳи оҳани “Таҷан-Сарахс-Машҳад”, хутути лӯлаи гази «Курпча – Курдкӯӣ» ва «Сарахс- Хонгирон», сади «Дӯстӣ» ва соири тарҳҳои муштараик санъатӣ ва тавлидӣ дар ростои таҳким ва густариши муносиботи байни Туркманистон ва Эрон ҳастанд.

Раисиҷумҳури Туркманистон дар бахши дигари сӯҳбатҳои худ бо ишора ба мавқеъити ҷуғрофиёии Туркманистон ва Эрон дар заминаи ҳамлу нақл ва транзити коло дар минтақа ва фаромитақа гуфт, роҳи оҳани Эрон –Туркманистон - Қазоқистон дар ин замина нақши муҳиммеро ифо карда ва унсури муҳимми каридори шимол - ҷануб мебошад.

Сайид Муҳаммад Аҳмадӣ, пештар сафири Эрон дар Ашқобод, гуфта буд, амалиёти сохти пули ҷадиди Сарахс- Сарахс дар ду тарафи марз ба поён расида ва дар ояндаи наздик қарор аст, бо ҳузури мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Туркманистон ба таври расмӣ ба баҳрабардорӣ бирасад.

Сафири Эрон тасреҳ кард, иҷроии пули дуввуми поёнаи марзии Сарахс-Сарахс бар асоси мувофиқатномаи дуҷониба байни Туркманистон ва Эрон ба сурати мушорикатӣ аз сӯи паймонкорони эронӣ сохта шудааст.