Июн 24, 2017 17:23 Asia/Dushanbe
  • Таҷлили Русия аз сулҳҷӯии Эрон дар Сурия

Вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, ибтикорҳои ин кишвар ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои Сурия, талошҳои оромишбахш ва сулҳҷӯёнаро дар ин кишвар тақвият кард.

Ба гузориши рӯзи шанбеи пойгоҳи хабарии вазорати умури хориҷаи Русия, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, дар дидор бо Валид Ҷанбалот- раҳбари Ҳизби сотсиалистии пешрави Лубнон гуфт, талошҳо барои барқарории сулҳ, оромиш ва ҳалу фасли сиёсии масоили Сурия ҳамчунон ҷараён дорад ва бо ибтикори Эрон, Русия ва Туркия барои барқарории оташбас ва эҷоди маҳдудаҳои коҳиши таниш, пӯёии тозае ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, ҷузъиёти мушаххаси ин ибтикорҳо ду ҳафтаи дигар дар даври ҷадиди музокироти сурӣ дар Остона, пойтахти Қазоқистон матраҳ ва баррасӣ мешавад.

Лавров ҳамчунин бо ишора ба ҳимояти чанд кишвар аз ибтикори Эрон, Русия ва Туркия дар мавриди Сурия, гуфт, агар ин пуштибониҳо тақвият шавад, метавон оташбаси кунунӣ миёни артиши Сурия ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифро пойдор ва талошҳоро алайҳи таҳдидҳои террористӣ ва саркӯби терроризм, ки барои Лубнон низ хатар эҷод мекунад, мутамаркиз кард.

То кунун чаҳор даври нишасти сурии Остона дар январ ,феврал, март ва апрели 2017, бо ҳузури ҳайатҳои давлати Сурия, муоризони мусаллаҳи пазирандаи паймони оташбаси фарогир ва кишварҳои Эрон, Русия ва Туркия ба унвони тазминкунандагони сулҳ баргузор шудааст.

Натиҷаи аслии музокироти даври чаҳорум, имзои тафоҳумнома барои истиқрори субот дар манотиқи амниятӣ ва коҳиши таниш дар Сурия буд.

 

Барчасп