Аҳамияти густариши ҳамкории парлумони Эрон ва Қазоқистон
(last modified Sun, 25 Jun 2017 07:28:58 GMT )
Июн 25, 2017 12:28 Asia/Dushanbe
  • Аҳамияти густариши ҳамкории парлумони Эрон ва Қазоқистон

Раиси Гурӯҳи дӯстии парлумони Эрон ва Қазоқистон гуфт, густариши муносиботи парлумонии Эрон ва Қазоқистон дар шинохти тавонмандиҳои ду кишвар ва истифода аз онон дар чорчӯби таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо, аҳамияти фаровоне дорад.

Аҳмад Амирободӣ, раиси Гурӯҳи дӯстии парлумони Эрон ва Қазоқистон рӯзи якшанбе дидор бо Владимир Карпович, ноиби раиси Маҷлиси намояндагони Қазоқистон дар Остона, афзуд, ташкили Гурӯҳи дӯстии парлумони ду кишвар, нишонаи алоқамандии дутараф барои густариши таомулот дар заминаҳои мухталиф аст ва ин иқдом, роҳро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ҳамвор мекунад.

Амирободӣ тасреҳ кард, густариши мубодилоти тиҷорӣ ва бозаргонӣ миёни Эрон ва Қазоқистон ва табодули таҷрибиёт дар заминаи истифода аз фанновариҳои навин низ бистари тавсеаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақаро фароҳам мекунад.

Владимир Карпович низ дар ин дидор густариши муносиботи Эрон ва Қазоқистон дар ҳамаи заминаҳо бавижа дар арсаҳои иқтисодӣ ва тиҷориро ба нафъи ду миллат донист ва гуфт, Эрон шарики      Қазоқистон дар барқарории сулҳ ва амният дар минтақа буда ва тадовуми ройзании ду кишвар аз аҳамияти фаровоне бархӯрдор аст.

Ҳайати парлумонии Эрон барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Қазоқистон дар хусуси тавсеаи равобити дуҷониба ва парлумонӣ ба ин кишвар сафар кардааст.