Июн 28, 2017 09:59 Asia/Dushanbe
  • Барқарории парвози мустақими Брюссел – Теҳрон

Аввалин парвози мустақим аз фурудгоҳи Завентеми Брюссел, пойтахти Белгия ба самти фурудгоҳи Имом Хумайнӣ (раҳ) дар Теҳрон анҷом шуд.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи хабаргузории Садо ва Симо, барқарории парвози мустақим аз Брюссел, мақарри Иттиҳоди Аврупо ба Теҳрон ва баръакс бо таваҷҷуҳ ба тақозои мусофирони эронӣ ва афғонистонӣ аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Ба гуфтаи масъулони фурудгоҳи Завентеми Брюссел, дар соли 2016 ҳудуди 16 ҳазор мусофири эронӣ аз ин фурудгоҳ бо парвозҳои ғайримустақим ба Теҳрон омадаанд.

 

 

Барчасп