Чӯби ҳароҷ ба осори бостонии Эрон дар Амрико?
(last modified 2017-06-28T10:09:10+00:00 )
Июн 28, 2017 15:09 Asia/Dushanbe
  • Чӯби ҳароҷ ба осори бостонии Эрон дар Амрико?

Додгоҳи олии Амрико имкони мусодираи ашё ва осори бостонии Эрон дар музейҳои ин кишварро ба унвони ғаромат барои афроде, ки иддао доранд аз бозмондагони ҳодисаи террористии соли 1997 ба ҳисоб меоянд, баррасӣ мекунад.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Додгоҳи олии Амрико дар пайи дархости шокиёни ин парванда қасд дорад дар бораи осори бостонии Эрон, ки дар музеи табиии Филд ва донишгоҳи Чикаго нигаҳдорӣ мешавад, тасмимгирӣ кунад.

Шокиён аз додгоҳ хостаанд то осори марбута ба нафъи онҳо мусодира шавад.

Мизони ғаромате, ки додгоҳ барои пардохт ба шокиён ва қурбониён дар назар гирифта 71 миллиону 500 ҳазор доллар аст.

Қаблан додгоҳи поиндастӣ ҳукм дода буд, ки хонаводаҳои қурбониёни як бомбгузорӣ дар Байтулмуқаддас дар соли 1997 наметавонанд осори таърихии Эрон дар музеи таърихи табиии Чикаго ва донишгоҳи Чикагоро мусодира кунанд.

 Ин афрод муддаӣ ҳастанд, Эрон ба унвони ҳомии Фаластин бояд ба хонаводаҳои қурбониён ғаромат бипардозад.

Осори бостонии дар маърази хатари мусодира ҳазорон лавҳи эрониро, ки ҷузъи маҷмӯаи Тахти Ҷамшед шинохта мешаванд ва беш аз ду ҳазор сол қадимият доранд, шомил мешавад.

Ин ашё таҳти моликияти Эрон буда, вале аз соли 1937 –и мелодӣ барои таҳқиқ, феҳристбандӣ ва тарҷума ба донишгоҳи Чикаго ба амонат супурда шудааст.

 

Барчасп