Июн 28, 2017 19:55 Asia/Dushanbe
  • Табдили Эрон ба қудрати минтақаӣ

Коршиноси расонаии Ҳинд гуфт, ҷумҳурии исломии Эрон ҳамакнун ба қудрати минтақа табдил шудааст.

Санҷӣ Капур, коршиноси расонаии Ҳинд дар гуфтугӯ бо Ирно гуфт, режими саҳюнистӣ, Арабистон ва шуморе аз кишварҳои арабии минтақа барои ҷилавгирӣ аз афзоиши нақши минтақаии Эрон талош мекунанд .

Капур бо ишора ба иқдоми шитобзадаи Арабистон барои муҳосираи Қатар афзуд, ин иқдомот, нишондиҳандаи нигаронии Риёз аз гароиши кишварҳои Халиҷи Форс ба тарафи Эрон аст .

Дабири маҷаллаи англисизабони "Ҳард Ниюз"-и Ҳинд ҳамчунин бо ишора ба таъсироти инқилоби исломӣ дар Ховари Миёна тасреҳ кард, бо пирӯзии инқилоби исломӣ, монеи бузурге барои густариши тафаккури ваҳҳобӣ бавуҷуд омадааст .

Санҷӣ Капур дар айни ҳол, барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) бо кишварҳои 5+1-ро яке аз муваффақиятҳои бузурги Эрон донист .

 

Барчасп