Раиси Маҷлиси Эрон: Силоҳҳои ДИИШ аз Миррих наомадааст
(last modified Thu, 29 Jun 2017 09:07:54 GMT )
Июн 29, 2017 14:07 Asia/Dushanbe
  • Раиси Маҷлиси Эрон: Силоҳҳои ДИИШ аз Миррих наомадааст

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон аз кишварҳое, ки силоҳ дар ихтиёр террористҳо қарор медиҳанд интиқод кард.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симои Эрон, Алии Лориҷонӣ, ки барои ширкат дар нишасти раисони маҷолиси Евразия дар Кореяи Ҷанубӣ ҳузур дошт, ба хабарнигорон гуфт, дар ҳоле, ки бархе кишварҳо ба ДИИШ кӯмак карданд, Эрон ба давлатҳои Ироқ ва Сурия кӯмак кард, то террористҳоро саркӯб кунанд.

Лориҷонӣ бо таъкид бар ин ки Арабистон набояд аз террористҳо ҳимоят кунад, гуфт, ДИИШ акнун 30 миллиард доллар силоҳ дар ихтиёр дорад, ки аз кураи Миррих наомадааст.

Вай аз сиёсати тоҷирмобонаи Амрико интиқод кард ва гуфт, дар қазияи Қатар дидед зарфи чанд рӯз сиёсати Амрико чи қадар тағйир кард ба тавре, ки амрикоиҳо ибтидо монанди Арабистон, Қатарро таҳдид карданд, аммо баъд аз имзои қарордоди калони фурӯши “F16” ба қатариҳо, сиёсаташон тағйир кард ва размоиши муштарак низ бо ин кишвар анҷом доданд.

Лориҷонӣ дар бораи пойбанд набудани амрикоиҳо ба тавофуқи ҳастаӣ ҳам гуфт, БАРҶОМ тавофуқи байналмилалӣ аст, ки ба тасвиби Шӯрои амният расида ва созу  кори ҳалли ихтилоф ҳам дар он дида шудааст. Барҳам задани ин тавофуқ ба нафъи худи амрикоиҳо ҳам нест.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар бораи масоили шибҳи ҷазираи Корея ҳам гуфт, ҶУмҳурии Исломии Эрон истифода аз силоҳи куштори ҷамъиро нодуруст медонад ва омодааст, то аз равобити худ барои ҳалу фасли масоил ду Корея истифода кунад.