Зариф: Фармони зиддимуҳоҷиратии Амрико хусумати кӯр зидди ҳамаи эрониҳост
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i19330-Зариф_Фармони_зиддимуҳоҷиратии_Амрико_хусумати_кӯр_зидди_ҳамаи_эрониҳост
Вазири умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба ҳукми Додгоҳи Олии Амрико барои иҷрои бахшҳое аз фармони зиддимуҳоҷиратии Доналд Трамп онро «намоиши шармовар аз хусумати кӯр (беҳадаф) алайҳи ҳама эрониҳо» хонд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 30, 2017 12:07 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Фармони зиддимуҳоҷиратии Амрико хусумати кӯр зидди ҳамаи эрониҳост

Вазири умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба ҳукми Додгоҳи Олии Амрико барои иҷрои бахшҳое аз фармони зиддимуҳоҷиратии Доналд Трамп онро «намоиши шармовар аз хусумати кӯр (беҳадаф) алайҳи ҳама эрониҳо» хонд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Додгоҳи Олии Амрико рӯзи сешанбе бо судури ҳукме ба иҷрои бахше аз фармони зиддимуҳоҷиратии раисҷмҳури Амрико дар хусуси мамнӯияти вуруди шаҳрвандони 6 кишвари мусалмонӣ, аз ҷумла Эрон ба хоки Амрико раъйи мусбат дод. Ин фармон судури раводид барои шаҳрвандони шаш кишвари мусалмониро ба истиснои бархе мавориди хос барои 90 рӯз муаллақ мекунад ва хостори таваққуфи вуруди кулли паноҳҷӯён ба Амрико барои муддати 120 рӯз шудааст.

Вазири умури хориҷии Эрон, ки дар сафари давраӣ ба бархе кишварҳои аврупоӣ дар Аврупо қарор дорад, дар сафҳаи худ дар “Твиттер” ба шиддат ба ин фармони зиддимуҳоҷиратӣ тохт ва онро «хусумати кӯр алайҳи ҳамаи эрониҳо» тавсиф кард. Муҳаммадҷаводи Зариф тасреҳ кард: «Амрико ҳоло модарбузургҳои эрониро аз дидани набераҳояшон манъ мекунад; иқдоме, ки намоиши воқеан шармовар аз хусумати кӯр алайҳи ҳама эрониҳо аст».