ДИИШ ду сайти эрониро ҳак кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i19360-ДИИШ_ду_сайти_эрониро_ҳак_кард
Ду сайти хабарии мутааллиқ ба Созмони мероси фарҳангӣ ва хабаргузории ин созмон мавсум ба “Ориё” ҳак шуданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 01, 2017 11:56 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ ду сайти эрониро ҳак кард

Ду сайти хабарии мутааллиқ ба Созмони мероси фарҳангӣ ва хабаргузории ин созмон мавсум ба “Ориё” ҳак шуданд.

Ба гузориши “ал-Олам”, аз соатҳои аввалияи бомдоди имрӯз (шанбе) сайтҳои хабаргузории Мероси Ориё (chtn.ir) ва портали Созмони мероси фарҳангии (ichto.ir) мавриди ҳамлаи ҳакерҳои ношинос қарор гирифтанд.

Тасовири қароргирифта бар рӯйи ин ду сайт нишон медиҳад, ин иқдом эҳтимолан аз суйи авомили вобаста ба гурӯҳаки ДИИШ анҷом гирифтааст.

Аммо дақоиқе пеш Созмони мероси фарҳангӣ, саноеи дастӣ ва гардишгарӣ дар иттилоияе эълом кард, коршиносони фаннии Созмони мероси фарҳангӣ бо гузашти дақоиқе вориди амал шуданд ва ҳар ду сайтро аз ҳак хориҷ карданд ва ҳамакнун ин сайтҳо дар ихтиёри Созмони мероси фарҳангӣ аст.