Вазифаи расонаҳои исломӣ, эҳёи муҷаддади шукӯҳи исломӣ аст
(last modified Sat, 01 Jul 2017 15:44:13 GMT )
Июл 01, 2017 20:44 Asia/Dushanbe
  • Вазифаи расонаҳои исломӣ, эҳёи муҷаддади шукӯҳи исломӣ аст

Мудири ҳафтумин “Бозори филми исломӣ”, ваҳдат- муқовамат ва исломро сарлавҳаи корҳои тавлидоти “Бозори филми исломӣ” донист.

   Ба гузориши хабарнигори радио тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадалӣ Ануша бо ишора ба ҳаҷмаҳои фарҳангии истикбор алайҳи фарҳанги мутаолии Ислом ва муаррифии исломи бадалӣ ба ҷои исломи ҳақиқӣ, вазифаи расонаҳои исломиро эҳёи муҷаддади шукӯҳи исломӣ ва тақобул бо ин ҳаҷмаҳо донист.

   Вай рушди кайфӣ ва камии ин давра аз “Бозори филми исломи”-ро нисбат ба даври шашуми он қобили тааммул донист, ва афзуд, ҳафтумин “Бозори филми исломӣ” нисбат ба давраи қаблии он, рушди 55 дарсадӣ доштааст.

   Муҳаммадалӣ Ануша ваҳдат, аз ҷумлаи шабакаҳои ҳозир дар ҳафтумин “Бозори филми исломӣ”-и ҳозир дар ин бозор, аз шабакаҳо ва муассисоти тавлиди филм ва осори ҳунарии Афғонистон ном бурд ва изофа кард, маҷмӯаи ин шабакаҳо ва муассисот 850 асарро барои ироа ба намоиш гузоштаанд.

   Нӯҳумин Иҷлоси иттиҳоди радио телевизионҳои кишварҳои исломӣ фардо бо ҳузур 500 меҳмони дохилӣ ва хориҷӣ, мудирон ва намояндагони шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, расонаҳои маҷозӣ ва муассисаҳои расонаии исломӣ дар толори ҳамоишҳои Садо ва Симои Хуросони Разавӣ- дар шаҳри Машҳад оғоз мешавад ва се рӯз идома меёбад.

   Ба ҳамин муносибат асри имрӯз аввалин намоишгоҳ ва “Бозори филми исломӣ” низ бо ҳузури 100 ширкати фаъол дар ҳавзаи тавлиди филм ва намоишҳои исломӣ дар маҳалли намоишгоҳи Остони Қудси Разавӣ барпо шудааст.