Июл 02, 2017 18:00 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон мухолифи истифода аз ҳаргуна силоҳи химиявӣ аст

Вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон, бар усули асосии Эрон мабнӣ бар мухолифат бо ҳаргуна корбурди силоҳи химиявӣ ва мураддад будани истифода аз он таъкид кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар дидори Ахмет Усумку, мудири кулли Созмони манъи силоҳҳои химиявӣ дар Теҳрон, Эронро яке аз қурбониёни истифода аз силоҳи химиявӣ тавассути режими Саддом дар даврони ҷанги таҳмилӣ донист ва афзуд: Ҳеҷ гурӯҳе ҳаққи истифода аз силоҳи химиявиро дар мунозиоти мусаллаҳона надорад, ин дар ҳолест, ки мутаассифона гурӯҳи террористи ДИИШ дар ҷанг бо давлати Сурия аз силоҳи химиявӣ истифода кардааст.

Зариф бо ишора ба гузориши ахир дар бораи истифода аз силоҳи химиявӣ дар минтақаи Хон Шайхуни Сурия, бар лузуми анҷоми бозрасиҳои байналмилалӣ ба манзури ростиозмоии истифода аз силоҳи химиявӣ дар он минтақа таъкид ва омодагии Эронро барои ҳамкорӣ бо Созмони манъи силоҳҳои химиявӣ дар ин замина эълом кард.

Ахмет Усумку, мудири кулли Созмони манъи силоҳҳои химиявӣ низ ҳимоятҳои Эронро аз Созмони манъи силоҳҳои химиявӣ сутуд ва афзуд: Созмони манъи силоҳҳои химиявӣ дар ҳоли баррасӣ ва анҷоми таҳқиқ дар бораи истифода аз силоҳи химиявӣ (гази сарин) дар Хон Шайхуни Сурия аст.

Мухолифони мусаллаҳ ва террористҳо чаҳоруми апрели 2017 муддаӣ шуданд, артиши Сурия ба минтақаи Хон Шайхун дар Идлиб, ҳамлаи химиявӣ анҷом додааст. Пас аз ин ҳамла, артиши Амрико дар ҳафтуми апрел пойгоҳи ҳавоии артиши Сурияро дар устони Ҳимс мушакборон кард.

 

Барчасп