Июл 02, 2017 19:07 Asia/Dushanbe
  • Аммор Ҳаким: Ҳеҷ нуқтаи амне дар минтақа барои ДИИШ вуҷуд надорад

Раиси Маҷлиси аълои исломии Ироқ гуфт: Ҳеҷ нуқтаи амне дар минтақа барои террористҳои ДИИШ вуҷуд надорад ва сарзаминҳои ишғолшуда тавассути размандагони ислом пас гирифта шудааст.

Аммор Ҳаким, раиси Маҷлиси аълои исломӣ ва раиси эътилофи миллии шиаёни Ироқ дар ҳошияи баргузории нуҳумин нишасти Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ дар Машҳад дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: Қабл аз озодсозии Мусил аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ, озодсозии шаҳрҳое дар Сурия ва Ироқ рақам хурд ва имрӯз ба баракати размандагони ислом ҳеҷ нуқтаи амне барои гурӯҳи террористии ДИИШ вуҷуд надорад.

Раиси Маҷлиси аълои исломии Ироқ ҳамчунин ба инъикоси хуби ахбори минтақа тавассути расонаҳои кишварҳои исломӣ таи моҳҳои ахир ишора ва тасреҳ кард: Ин дар ҳолест, ки расонаҳои ҳомии гурӯҳи террористии ДИИШ талош карданд, ахборро ба гунае мунъакис кунанд, ки манофеи онҳо тазмин шавад.

Нерӯҳои Ироқ бомдоди панҷшанбеи гузашта ба масҷиди Алнурӣ дар ғарби Мусил расиданд ва ба гуфтаи Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ, ин муваффақият ба манзалаи поёни кори ДИИШ дар Мусил аст.

Абубакри Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ июни 2014 дар масҷиди Алнурӣ эъломи хилофат карда буд.

 

Барчасп