Июл 04, 2017 11:33 Asia/Dushanbe
  • Имзои бузургтарин ва нахустин қарордоди ҷадиди гази байни Эрон ва Тотали Фаронса

Эрон ва ширкати Тотали Фаронса, нахустин қарордоди ҷадиди газиро ба арзиши чаҳор миллиарду 800 миллион доллар барои тавсеаи фазаи 11 майдони гази Порси ҷанубии Эрон имзо карданд.

Ба иттилои Ирно, ин нахустин ва бузургтарин қарордоди ҷадиди нафтӣ дар даврони пас аз тавофуқи ҳастаӣ байни ширкати миллии нафт ва Консортсиуми байналмилалӣ ба раҳбарии Ширкати нафтии Тотали Фаронса аст . барои тавсеъаи фази 11 порси ҷанӯбӣ ба арзиши 4 . 8 миллиард доллар имзо шуд .

Бо ба самар расидани ин қарордод, рӯзона 56 миллион метри ба зарфияти бардошти Эрон аз майдони газии Порси ҷанубии муштарак бо Қатар афзуда мешавад .

Вазири нафти ҷумҳурии исломии Эрон дар маросими имзои ин қарордод гуфт: Теҳрон равобити стратегии худро бо ширкати нафтии фаронсавии Тотал ва ширкатҳои русӣ идома медиҳад .

Бежани Зангана, вазири нафти Эрон афзуд: Аз ҷумлаи аҳдофи ин қарордодҳо, интиқоли фанновариҳои ҷадид дар санъати нафти Эрон аст .

Вай бо баёни инки пештоз будани ширкати нафтии Тоталро дар ҳамкорӣ бо Эрон фаромуш намекунем, гуфт: Ширкатҳои чинӣ низ шарикҳои роҳбурдии Эрон ҳастанд .

Майдони газии Порси ҷанубӣ, бузургтарин манбаи газии ҷаҳон аст, ки рӯи хатти марзии муштараки Эрон қарор дорад, масоҳати ин майдон 9700 километри мураббаъ аст, ки саҳми мутааллиқ ба Эрон 3700 километри мураббаъ вусъат дорад .

Захираи гази ин бахш аз майдон 14 триллион метри мукааб газ ба ҳамроҳи 18 миллиард бушкаи конденсати газӣ аст, ки ҳашт дарсади кулли гази дунё ва наздик ба ниме аз захоири гази Эронро шомил мешавад .