Оғоз ба кори шабакаи моҳвораии имом Ризо (а)
(last modified Wed, 05 Jul 2017 11:53:03 GMT )
Июл 05, 2017 16:53 Asia/Dushanbe
  • Оғоз ба кори шабакаи моҳвораии имом Ризо (а)

Шабакаи моҳвораии имом Ризо (а) бо ҳузури васии Остони қудси Разавӣ ба сурати расмӣ кори худро оғоз кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маросими ифтитоҳи шабакаи моҳвораии имом Ризо (а) бо ҳузури Алии Аскарӣ, раиси Созмони садо ва симо, Муртазо Бахтиёрӣ, қоиммақоми васии Остони қудси Разавӣ, Алии Каримиён, дабири кулли Иттиҳодияи радио ва телевизионҳои исломӣ ва ҷамъе аз масъулони устони Хуросони Разавӣ баргузор шуд .

Ин шабакаи моҳвораӣ ба муносибати иттиҳоду ҳамбастагии расонаҳои кишварҳои исломӣ ва бо пуштибонии Остони муқаддаси ҳазрати Алӣ ибни Мусалризо (а) бар рӯй моҳвораи "Наил Сет" қарор гирифтааст .

Шабакаи моҳвораии имом Ризо (а), ҳузури зоирони муштоқи имом Ризо (а) аз саросари ҷаҳонро инъикос медиҳад ва пахши клипҳои ҷаззоби тасвирӣ ва барномаҳои маърифатӣ дар хусуси шахсият, каромат ва мақоми ҳазрати соминалҳаҷ (а) низ аз дигар  барномаҳоест, ки дар дастури кори ин шабака қарор дорад .

Ин шабака ба се забони арабӣ, форсӣ ва англисӣ, кишварҳои Ховари Миёна ва шимоли Африқоро пушиш медиҳад ва илова бар Эрон, шиаён ва мусулмонони саросари ҷаҳон аз ҷумла мусулмонони Баҳрайн, Лубнон ва Ироқ аз мухотабони аслии ин шабака хоҳанд буд .