Июл 05, 2017 20:13 Asia/Dushanbe
  • Нишасти сеҷонибаи ҳайъатҳои Эрон, Туркия ва Русия дар Остонаи Қазоқистон

Нишасти сеҷонибаи ҳайъатҳои олирутбаи Эрон, Русия ва Туркия пеш аз нишасти умумии Иҷлоси Остонаи Қазоқистон баргузор шуд.

Ҳайъатҳои олирутбаи Эрон, Русия ва Туркия, ки зомини фароянди оташбас дар Сурия ҳастанд, дар ин нишаст бо баррасии охирин вазъияти музокирот ва тавофуқоти каршиносии ба амаломада таи ду рӯзи гузашта, дар бораи мароҳили баъдии музокирот низ гуфтугӯ карданд .

Ройтерс дар ин бора гузориш дод: Эрон, Русия ва Туркия, барои ниҳоӣ кардани тавофуқ дар бораи манотиқи орӣ аз таниш ва даргирӣ дар Сурия, як гурӯҳи корӣ ташкил медиҳанд.

Барномаҳои даври панҷуми музокироти сурӣ-сурӣ дар Остона аз рӯзи сешанбе бо ширкати ҳайъатҳои Эрон, Русия ва Туркия, намояндагони давлати Сурия ва муоризони мусаллаҳ дар пойтахти Қазоқистон шуруъ шудааст .

Нишасти баъдии каршиносӣ таи се ҳафтаи оянда дар Эрон баргузор хоҳад шуд .

Ҷумҳурии исломии Эрон барои бори дуввум мизбони нишасти каршиносии Остона хоҳад буд .

 

Барчасп