Порлумони ҷадиди Сурия; намояндагии заъиф ё машрӯъиятсозӣ барои Ҷавлонӣ?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i122302-Порлумони_ҷадиди_Сурия_намояндагии_заъиф_ё_машрӯъиятсозӣ_барои_Ҷавлонӣ
Порс Тудей- Коршиносони сиёсӣ интихоботи Сурияро намоишӣ хонданд.
(last modified 2025-10-09T04:54:51+00:00 )
Октябр 08, 2025 12:13 Asia/Dushanbe
  • Порлумони ҷадиди Сурия; намояндагии заъиф ё машрӯъиятсозӣ барои Ҷавлонӣ?

Порс Тудей- Коршиносони сиёсӣ интихоботи Сурияро намоишӣ хонданд.

Натоиҷи аввалияи интихоботи ахири порлумонии Сурия, ки ба таври ғайри мустақиим баргузор шуд, ҳокӣ аз ин аст, ки фақат се номзади зан дар ин интихобот пирӯз шуданду теъдоди каме аз намояндагони ақаллиятҳо, аз ҷумла масеҳиён ба порлумон роҳ меёбанд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Алҷазира, Навар Наҷма (Nawar Najmeh), сухангуи Кумитаи олии интихоботи порлумонии Сурия гуфт, ки теъдоди занон дар порлумон “бо ҷойгоҳи занон дар ҷомеъаи Сурия ва нақши онон дар зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таносубе надорад”. Ба гуфтаи вай, танҳо чаҳор дарсад аз 119 узви интихоб шуда дар раъйгирии ғайримустақимро занон ташкил медиҳанд ва танҳо ду масеҳӣ дар миёни барандагон ҳузур доранд, амре, ки нигарониҳоеро эҷод кардааст. Сухангӯи комиссиони интихоботи Сурия бо таваҷҷуҳ ба нисбати ҷамъиятии масеҳиён дар Сурия, ҳузури масеҳиёнро заъиф хонд.

Мунтақидони сиёсӣ мегӯянд: Ин раванд ба ҷои онки роҳро барои тағйири демократияи воқеӣ ҳамвор кунад, қудратро дар дастони ҳокимони ҷадиди Сурия мутамарказ нигаҳ медорад.

Дар ҳамин робита, Ҷалоли Чароғӣ, коршиноси масоили Ғарби Осиё таъкид кард, ки ин интихобот дар шароите баргузор шуд, ки ҳадафи аслии он, дар воқеъи машрӯъиятбахшӣ ба Муҳаммад Ал Ҷавлонӣ, раиси ҳукумати муваққати Сурия ва режими ҷадиди таҳти раҳбарии ӯ буд ва бояд онро талоше барои эҷоди ваҷҳае расмӣ дар дохилу хориҷи Сурия донист.

Ба гуфтаи вай, Ҷавлонӣ мекӯшад то бо баргузории чунин интихоботе, худу низомашро ба унвони як сохтори сиёсии дорои пуштвонаи мардумӣ нишон диҳад, аммо мушкили аслӣ, мушорикати бисёр поини мардум дар ин фароянд буд, зеро ин интихобот на озод буд ва на рақобатӣ; балки интихоботе намоишӣ ва аз пеш тарроҳӣ шуда буд.

Омир ал Сабоила, коршиноси стротежӣ низ дар гуфтугу бо «France 24», интихоботи порлумонии Сурияро сирфан гоме намодин донист, ки воқеияти тамоми тайфҳои миллати Сурия ва ҳамаи манотиқи кишварро намояндагӣ накард.

Саидмаҳдии Толибӣ, коршиноси сиёсӣ ҳам бо ёдоварии ин мавзӯ, ки Ҷавлонӣ собиқаи узвият дар Алқоида ва ДИИШ-ро дорад, дар таҳлиле навишт: Эҳёи подшоҳӣ дар Сурия имконпазир нест; аммо ташкили як аморат ва сипас маврусӣ кардани он, қобили иҷрост. Ал Ҷавлонӣ мекӯшад қудратро дар дастони худ ва хонадонаш ниҳодина кунад.

Вай муътақид аст, Ҷавлонӣ бо давр задани мардум, теъдоде аз афродро дар ҳайатҳои раъйдиҳандаи манотиқ мансӯб кардааст. Ӯ бо интихоби афрод ба намояндагӣ аз гуруҳҳо ва манотиқ, дар талош барои эҷоди сипар дар баробари дархостҳо ва эътирозоти мардумӣ аст. Дар ин сохтор мардум ҳазфу намояндагонии мутеъ ҷойгузин мешаванд. Ин коршиноси сиёсӣ гуфт, порлумони шакл гирифта на мунтахаби мардум аст ва на қудрате дорад. Нақши он машваратӣ ва ташрифотӣ аст. Ал Ҷавлонӣ ҳасби муомилоти пушти парда ба қудрат расид. Ҷавлонӣ ва 20 ило 30 ҳазор шибҳи низомии ҳамроҳаш тавоноии идораи Сурияро аз назари амниятӣ низ надоранд ва худ витрини қудрати дигарон ба ҳисоб меоянд.

Аз сӯи дигар, Гейр Педерсен, фиристодаи Созмони милал дар Сурия изъон кард, ки Муҳаммад Ал Ҷавлонӣ, раиси ҳукумати муваққати Сурия барои иҷрои ислоҳоти амниятӣ, омодагӣ надорад ва нотавонии ӯ дар кантроли гуруҳҳои мусаллаҳ мӯҷиби густариш беэътимодӣ шудааст. Педерсен афзуд: Сурия рӯи «лабаи теғ» қарор дорад ва ба «ислоҳи равия» ниёз дорад.