Ирсоли кӯмакҳои башардӯстонаи Эрон ба Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i19626-Ирсоли_кӯмакҳои_башардӯстонаи_Эрон_ба_Қирғизистон
Кӯмакҳои башардӯстонаи ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, шомил сад дона чодар ва чаҳорсад курпа (одеял) вориди Бишкек- пойтахти Қирғизистон шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 06, 2017 12:34 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли кӯмакҳои башардӯстонаи Эрон ба Қирғизистон

Кӯмакҳои башардӯстонаи ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, шомил сад дона чодар ва чаҳорсад курпа (одеял) вориди Бишкек- пойтахти Қирғизистон шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва Симо”-и Эрон, Муҷтабо Рӯзбеҳонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Қирғизистон рӯзи чаҳоршанбе дар маросими таҳвили кӯмакҳои башардӯстонаи Эрон, аз омодагии комили Ҷумҳурии Исломии Эрон барои тавсеаи равобит ва ҳамкориҳо бо Қирғизистон дар ҳама заминаҳо хабар дод ва афзуд, ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ба Бишкек нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора дар авзои сахт дар канори хоҳарон ва бародарони қирғизистонӣ хоҳад буд.

Масъулони “Ҳилоли Аҳмар”-и Қирғизистон низ дар ин маросим аз омодагии кишварашон барои густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои кӯмакҳои башардӯстона бо Ҷумҳурии Исломии Эрон эъломи омодагӣ карданд ва аз кӯмакҳои Эрон дар солҳои гузашта қадрдонӣ карданд.

Қарор аст, кӯмакҳои башардӯстонаи Эрон ба ҷануб ва манотиқи ҳодисахези Қирғизистон барои омодагии бештар дар муқобила бо ҳаводиси ғайримунтазира интиқол ёбад.